«BORSA INTERNAZIONALE DEL TURISMO». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ муаррифӣ гардид

Февраль 11, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 феврал дар шаҳри Милани Италия Намоишгоҳи 45-уми байналмилалии сайёҳии «Borsa Internazionale del Turismo» баргузор гардид, ки дар он имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин намоишгоҳ вохӯриҳои В2С ва В2В ташкил гардида, масъалаи рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, ҷалби мутахассисон ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шуд.

Дар ин намоишгоҳ ҳайати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ иштирок намуда, гӯшаи сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид