Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?

Февраль 1, 2025 09:24

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 114 853 маърака ва маросим сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 506 маърака кам мебошад. Ин дар мавриде аст, ки новобаста ба кам сабт шудани шумораи маъракаю маросим дар соли 2024 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 609 ҳолат зиёд мебошад.

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода дар робита ба кам сабт шудани маъракаю маросим, вале дар айни замон зиёд будани қонунвайронкуниҳо изҳор намуд, ки яке аз омилҳои зиёд шудани миқдори қонунвайронкуниҳо баъд аз таҳрири нав қабул шудани қонун мебошад. Зеро қаблан ҷаримабандиҳо ба категорияҳо тақсим намешуданд, дар таҳрири нави қонун ин ба категорияҳои муайян тақсим гардид.

«Тибқи таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ваколати комиссияҳои доимии мақоми ваколатдор, аз ҷумла комиссияи ҷамъиятӣ зиёд шуд. Ҳамзамон нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва ходимони дин масъулият зиёд гардид. Аз ин рӯ дар самти назорати риояи қонун дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан комиссияҳои доимӣ назорат пурзӯр карда шуд»,-иброз дошт ӯ.

Баъд аз таҳрири нав ба қонун вобаста ба уҳдадории шаҳрвандон дар моддаи 18 ворид карда шуд, ки ҳангоми муроҷиат накардан ба комиссияи доимӣ ин амал метавонад сабаби мавриди ҷавобгарӣ қарор гирифтани шаҳрвандон шавад.

Фаррухулло Олимзода изҳор намуд, ки шаҳрвандон бо мақсади шинос шудан бо талаботи қонун ва меъёрҳои он бояд ба комиссияи доимӣ муроҷиат кунанд ва дар доираи ин талаботи қонун маъракаҳои худро доир намоянд.

«Яке аз бандҳои тағйироте, ки ворид шуд, вобаста ба бақайдгирии электронӣ мебошад, ки ин аз як ҷиҳат ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ равона шуда бошад, аз ҷиҳати дигар, осон гардидани татбиқи қонун мебошад. Ҳадафи мақоми ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашидан нест, балки яке аз равандҳои кори мо фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ мебошад»,-баён дошт номбурда.

Тавре қаблан хабар додем, бо мақсади гузаштан ба низоми хизматрасонии электронӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба низоми бақайдгирии электронии маъракаю маросим шуруъ кунад. Бақайдгирии онлайнии маъракаю маросими шаҳрвандон шуруъ аз моҳи сентябри соли 2024 оғоз шуд. Барои дар амал иҷро шудан ва огоҳӣ ёфтани сокинони ҷумҳурӣ аз ин портал тариқи смс паёмакҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сокинонро огоҳ намуданд. Минбаъд шаҳрвандон метавонанд, ки бевосита ба сомонаи www.tanzim.tj ворид шуда, маъракаю маросими худро тавассути ин портал сабт кунанд ва тавсиянома ба даст оранд. Тибқи иттилои Кумита, то имрӯз 6 ҳазор маърака маросим дар ин портали ягона сабт шудааст.

Ба иттилои Фаррухулло Олимзода, вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди риоя нагардидани талабот тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олӣ, соли 2024 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сабт гардид.

«Бештари қонуншиканиҳо марбут ба баргузор намудани тӯйҳои домодию арӯсӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун вобаста ба моддаи 13 дар маросими ҳаҷ мебошанд. Яъне, соли 2024 аз 1435 қонуншиканӣ 238 ҳолати он вобаста ба маросими ҳаҷ буд. Аз 1435 қонуншиканӣ тақрибан 30 нафар роҳбарони шаклҳои гуногуни муассисаю соҳибкорон мебошанд»,-афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 20 июни соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» имзо гузоштанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки он ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 1, 2025 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
САДА-САРОҒОЗИ СУННАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Он қадимтарин ҷашни башарият аст
Соли 2024 Маркази миллии қонунгузорӣ 9 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро аз экспертиза гузаронид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзим беш аз 11 миллион сомонӣ ҷарима муқаррар гардид
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласа баргузор шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Лахш ва Душанбе-Рашт парвозҳоро амалӣ мегардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
КИШОВАРЗОН АЗ БАРФ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА БАРАНД? Посухи коршинос ба ин савол манзур мегардад
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад