Дар Душанбе таҳияи «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030»-ро баррасӣ намуданд

Февраль 14, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал вохӯрии Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ко Сакамото баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи дастгирии техникӣ ва молиявӣ барои таҳияи «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки таҳти роҳбарии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба рушди устувори иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар ин росто Ҳукумати Тоҷикистон Бонки Осиёии рушдро яке аз шарикони боэътимод дониста, нақши онро дар татбиқи афзалияти рушди миллӣ муҳим арзёбӣ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, ҳаҷми лоиҳаҳои амалкунандаи он дар мамлакат ҳоло 947 миллион долларро ташкил медиҳад.

Завқӣ Завқизода бо назардошти саҳми кишварҳои дигари сармоягузор, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ аз Бонки Осиёии рушд даъват намуд, ки ба маблағгузории Неругоҳи барқии обии «Роғун» ҳамроҳ шуда, тасдиқи 500 миллион долларро ҳарчи зудтар анҷом диҳад.

Ҳамзамон аз Бонки Осиёии рушд хоҳиш карда шуд, ки дар таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030» дастгирии техникӣ ва молиявӣ расонад. Ҳадафи ин барномаҳо танзими устувори рушди иқтисодӣ ва тақвияти равобити тиҷоратӣ мебошад.

Дар посух ба пешниҳодҳои Тоҷикистон Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд изҳор дошт, ки ин дархосту пешниҳодҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки натиҷаҳои ноилшуда барои рушди устувори давлат заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда тадбирҳои мушаххас андешанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст