Дар Хуҷанд дурнамои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Олмон ва Фаронса баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорону сармоягузорон аз Олмон ва Фаронса метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда дар вилояти Суғд саҳми муносиб гузоранд, зеро дар вилоят фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштарак бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва технологияи муосир ба нафъи ҷонибҳо мебошад. Чунин гуфта шуд зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Олмон ва Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар доираи сиёсати дурнигаронаи сарони давлатҳо зарфияти мавҷудаи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои муҳим мақсаднок истифода гардида, ҳамкорӣ тақвият бахшида мешавад.
Дар мулоқот вобаста ба рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои саноатӣ, имконияти соҳа, кишоварзӣ ва бахши сайёҳии вилояти Суғд маълумот дода шуд. Инчунин масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф баррасӣ шуда, барои густариши равобити илмӣ изҳори омодагӣ карда шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






