Дар Кӯшониён даври ноҳиявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон даври ноҳиявии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили нақшдӯзию зардӯзӣ, чакану гулдӯзӣ, порадӯзию читгарӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунарӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён хабар доданд.
Зимни баргузории фестивал гулдухтарони чаканпӯш ва ҳунармандон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия либосҳои қадимии чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро ба намоиш гузоштанд.
Баргузории фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯшӣ он бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ баргузор мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён








Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






