Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон сол то сол меафзояд

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад. Бояд гуфт, ки баланд гардидани маоши кормандони соҳаҳои гуногун, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар мақомотҳои қудратӣ ҳам таъсири бевосита барои дар оянда таъмин гардидани онҳо бо нафақаи шоистаро дорад. Ин матлабро корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуринисо Ҷалилова дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст, баён намудааст.
Мавсуф дар идомаи мақола доир ба ин мавзуъ чунин изҳори назар кардааст:
— 8 феврали соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки бори дигар шаҳодати ғамхории давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба нафақахӯрони мамлакат мебошад.
Кормандони масъули Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, бахусус насли калонсоли мамлакат бо мусоидату дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Барои мисол, ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ барои нафақагирон дар ҷумҳурӣ сол то сол зиёд мегардад. Аз ҷумла, соли 2024 барои нафақагирон хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.
Ё метавон мисоли дигар овард. Соли 2024 бо мақсади таъмини татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2024 аз ҷониби агентӣ нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршуда индексатсия (зиёд) карда шуд.
Дар натиҷаи амалисозии ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи 775 008 нафар нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёна нафақа ба чунин нишондиҳандаҳои хуб баробар гардид: нафақаҳои суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ баробар карда шуд; нафақаҳои меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ баробар карда шуд; нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар карда шуд. Андозаи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ 106,17 сомонӣ зиёд гардида, аз 368,9 сомонӣ ба 475,07 сомонӣ баробар карда шуд. Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, шуруъ аз моҳи июли соли 2024 нафақаҳо бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегарданд.
Дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 январи соли 2025, 836 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар мебошад. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола- 34 034 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл-1168 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 77 502 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 21 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ- 140 нафарро ташкил медиҳад.
Маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мешавад. Дар он омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
АКС аз манбаъҳои боз