Дар Тоҷикистон сохтмони панҷ маркази логистикӣ оғоз меёбад

Февраль 8, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон сохтмони 5 маркази логистикӣ оғоз мегардад. Дар ин хусус Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Марказҳои логистикӣ дар доираи лоиҳаи «Рушти устувори кишоварзӣ» дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Данғара сохта мешаванд. Корҳои лоиҳакашию банақшагирӣ ва асосноккунии техникӣ ба итмом расонида шудаанд.

Ин марказҳо  бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди содиротӣ тавассути мусоидат ба тиҷорат, талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрии рушди содирот бунёд мегарданд.

Норасоии марказҳои муосири логистикӣ ба дарёфти бозори фурӯш ва дигар навъҳои хизматрасонӣ ва ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сифати маҳсулот таъсир мерасонад. Яъне, таваҷҷуҳи нокифоя ба низоми маркетингу менеҷмент ва қарзҳои баландфоиз аз монеаҳои пешрафти содирот мебошанд.

Соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳрии Тоҷикистон яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат дониста мешавад. Сол то сол дар ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзӣ бештар истеҳсол гардида, талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат низ зиёд гардидааст.

Тавре дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, соли 2024 аз Тоҷикистон ба 26 давлати ҷаҳон 268,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 226,7 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо, аз маҳсулоти содиротгардида нахи пахта 100,5 ҳазор тонна, сабзавот 30,8 ҳазор тонна, (аз ҷумла пиёз 29,2 ҳазор тонна), меваҷот 40,1 ҳазор тонна (аз ҷумла ангур 23,7 ҳазор тонна), меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки ин марказҳо бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш сохта мешаванд. Марказҳо барои ташкил кардани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, диверсификатсияи содирот, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон фаъолият мекунанд.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон, дар чанд соли охир соҳибкорони содироткунанда аз қоидаҳои дахлдори амалиёти содиротӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳои содиротӣ, дарёфти шарики боэътимод, интихоби дурусти воситаи нақлиёти боркашон, бастабандии маҳсулот, таҳияи стратегияи дурусти рушди содирот, маркетинг ва муколамаи давлат ва бахши хусусӣ огоҳӣ надоштанд. Имрӯз бо тараққиёти илму техника ва кушодани марказҳои логистикӣ, дастгирӣ ва рушди содирот, хусусан мактаби содиротӣ баи рушди содирот ва баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи содироткунандаҳо мусоидат менамояд.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 8, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Асад Маҷид Хон: «Саҳми Тоҷикистон дар тақвият бахшидани фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ назаррас мебошад»
Дар Ню-Йорк амалишавии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чили дар СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба «Ҳадафҳо барои обшавии ях: криосфераи дақиқ» баргузор намуданд
Рақамикунонии соҳаи нақлиёт яке аз ҷузъҳои меҳварии иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон аст
Тоҷикистону Бразилия тақвияти ҳамкории соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Наврӯзро ботантана истиқбол намуданд
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 39 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҷлил гардид
Ҷашни Наврӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намоиши дастовардҳои истеҳсолӣ, ихтироот ва инноватсия таҷлил шуд
Дар Чин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд