Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид (КИА СММ; UNECE) Татяна Молчан мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла ба «Конвенсия дар бораи интиқоли байналмилалии бор» (КИББ) аз 19 майи соли 1956 ҳамроҳ шудааст. Илова бар ин, соли 2019 ҷумҳурӣ протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи интиқоли байналмилалии борро, ки ба интиқоли электронии e-CMR дахл дорад, ба тасвиб расонид. Моҳи ноябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба фаъолияти системаи рақамии TIR-EPD (Transports Internationaux Routiers; Интиқоли байналмилалии роҳҳо) оғоз бахшид. Дар доираи ин интиқол дар Тоҷикистон бори аввал системаи пешниҳоди пешакии иттилооти электронӣ ба мақомоти гумрук мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо назардошти он ки то ҳол на ҳамаи кишварҳо ба бисёре аз ин ҳуҷҷатҳо ҳамроҳ шудаанд, масъалаи нақши долонҳои нақлиётӣ ва транзитӣ дар таъмини ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади рушди устувор ва татбиқи пурраи ҳуҷҷатҳои рақамӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии бор то ҳол барои Тоҷикистон мушкили асосӣ боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, Азим Иброҳим аз ҳамсуҳбати худ хоҳиш кард, ки барои ҳарчӣ зудтар насб кардани нармафзор дар ин самтҳо мусоидат намояд.
Вазир ёдовар шуд, ки соли 2022 дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд. Он барои татбиқи системаҳои рақамии назорат, ки имкон медиҳанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳатто дар минтақаҳои дурдаст танзим шавад, пешбинӣ гардидааст. «Инчунин хоҳиш менамоем, ки дар таҳияи «Стратегияи нақлиёт, логистика ва хатсайрҳои алтернативии байналмилалӣ» ба мо кумаки техникӣ расонед», — изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Татяна Молчан барои муҳокимаи минбаъдаи ин пешниҳодҳо ва таҳияи барномаи муштараки амал изҳори омодагӣ намуд. Ҳамчунин зимни арзёбии дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақа намунаи ибрат аст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






