Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон давоми сад соли охир қариб 30 фоизи пиряхҳо аз байн рафтаанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 25 август дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» дар шаҳри Душанбе баён намуд.
Пиряхи «Тоҷикистон» беш аз як километр об шудааст
Суръати обшавии пиряхҳо дар минтақаи мо қариб се маротиба аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёд гардидааст. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, балки ба таъмини амнияти об, озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии кишварҳои минтақа таҳдид менамояд. Ин дар ҳолест, ки пиряхи «Тоҷикистон» (собиқ Федченко), ки яке аз калонтарин пиряхҳои минтақаи ҷаҳон дар хушкӣ аст, давоми 70-80 соли охир зиёда аз як километр об шуда, тақрибан 44 километри мураббаъ масоҳаташро аз даст додааст.
Тибқи мушоҳидаҳои соли равон, тақрибан 8,2 км² қисмати забонаи пирях пурра бо ҷинсҳои кӯҳӣ пӯшонида шуда, аз тарқишҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳаҷман гуногун иборат аст.
Таҳкими низоми мониторинг
Ба андешаи Баҳодур Шерализода, ин ҳолати нигаронкунанда зарурати таҳкими низоми мониторинг, рушди механизми огоҳкунии барвақтӣ ва густариши ҳамкории байналмилалиро барои коҳиши чунин хатарҳо боз ҳам равшантар менамояд.
Дар чунин шароит нақши мониторинги дақиқ, технология ва ҳамкории фаромарзӣ аҳамияти калидиро талаб мекунад. Маҳз тавассути мониторинги мунтазам, мубодилаи маълумоти илмӣ, истифодаи технологияҳои муосири мушоҳидавӣ ва таҳияи моделҳои пешгӯии дақиқ мо метавонем сатҳи омодагӣ ва устувории кишварҳоро дар назди хатарҳои иқлимӣ баланд бардорем.
Тоҷикистон — давлати ташаббускор дар ҳифзи пиряхҳо
Тоҷикистон беш аз ду даҳсола инҷониб дар арсаи байналмилалӣ масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро пешбарӣ менамояд. Бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ қабул намуд, ки эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, эълон гардидани солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера», инчунин қатъномаи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ҳамин қабиланд.
Эъломияи Душанбе-қадами муҳим оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар асоси қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид, ки аз натиҷаи он «Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо» ҳамчун қадами муҳими сиёсӣ ва илмӣ қабул шуд. Он афзалияти асосиро дар самти таҳкими таҳқиқоти илмӣ, мониторинги пиряхҳо, ҳамгироии масъалаҳои криосфера ба сиёсати иқлимӣ, ҷалби маблағгузории иқлимӣ, рушди иқтидор ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ муайян намуд.
1000 пирях об шудааст
Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши асосиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳамияти муҳим доранд. Дар Тоҷикистон аз 14 ҳазор пирях, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, беш аз 1000 адади он пурра об шудааст.
Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обшавии пиряхҳо
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, муайян намудани 21 март чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалӣ талоши воқеӣ барои мушкилоти афзояндаи экологӣ буда, имкон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обшавии пиряхҳо ҷалб гардида, ҳамкории илмӣ, молиявӣ ва техникӣ дар ин самт тақвият ёбад.
Ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилии давлатҳои пиряхдор нест
Давоми беш аз ду даҳсола аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бахшҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масоили экологӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбанд ва дар пешбурди ин масъалаҳо дар сатҳҳои гуногун нақши муҳим мебозанд. Тавре Президенти Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии моҳи майи соли 2025 иброз доштанд, «ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилии давлатҳои дорои пиряхҳо нест, балки буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Феълан дар ҷумҳурии мо барои омӯзиши пиряхҳо сохторҳои зарурӣ фаъолият доранд. Имконияти фаннию техникии мо ба мисли даҳҳо давлатҳои дигари пиряхдор маҳдуданд. Бо мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи пиряхҳо Тоҷикистон бояд ҳамкории муассирро бо ҳама шарикон густариш диҳад. Дар ин замина ҳамчунин навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникӣ зарур мебошанд».
Таъсиси Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ
Роҳбари давлат бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар мамлакат Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад. Аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват карда шуд, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034» саҳми муносиб гузоранд.
Қабули Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо
Бо мақсади омӯзиши пиряхҳо 3 майи соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» кабул ва тасдиқ гардид. Ин барнома бо мақсади гузаронидани мониторинги доимӣ ва омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳадафи барнома омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мебошад. Зеро зарурати банақшагирии чорабиниҳои аз ҷиҳати муҳтаво ва ҳаҷм мушаххас барои таъсиси низоми самарабахши мониторинги яхшиносии ҳолати пиряхҳо ва барфҳои тамоми ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ барои ба таври фаврӣ қабул намудани чораҳои самарабахш оид ба паст намудани таъсири оқибати тағйирёбии иқлим ба одамон ва иқтисодиёти мамлакат ва минтақа пеш омадааст.
Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера
Соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардид, қабул намуд. Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера бо мақсади пешбурди ҳамкории илмии сатҳи ҷаҳонӣ тавассути баргузории таҳқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ва талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Нақши фаъоли Тоҷикистон дар пешбурди катънома
Ин ташаббус ба ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши яхбандии хок ва мубориза бо тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ равона шудааст. Криосфера қисми оби яхбастаи сайёра, аз ҷумла пиряхҳо, барф ва қабати яхҳо мебошад. Ҳадафҳои асосии ин даҳсола наҷот додани пиряхҳо ва захираҳои оби тоза, таҳқиқи илмии тағйирёбии яхпӯшҳои Замин, ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои обу иқлим, баланд бардоштани огоҳии ҷаҳонӣ оид ба масоили яхшиносӣ мебошад. Тоҷикистон дар пешбурди ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим ва фаъол дорад.
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд
Дар асоси натиҷаҳои гузориши Созмони Милали Муттаҳид- ЮНЕСКО ва Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ» дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд, аз байн мераванд. Бинобар ин, дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳида даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолияте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.
Саҳмгузорӣ ба Фонди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо
Бо такя ба қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» аз ҳукуматҳо, ташкилоти байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор ва донорҳо даъват ба амал оварда шудааст, ки ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Дабири кулл дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори низоми СММ- ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ мудирият мешавад ва барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат менамояд, саҳм гузоранд. Дар ин қатънома аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дарҷ гардидааст.
«Аз пиряхҳо то хоҷагидорон»
Рушди ҳамкории минтақавии Тоҷикистон дар самти мониторинг ва ҳифзи криосфера тадриҷан тақвият ёфта, барномаи минтақавии «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон», ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд ва Фонди Иқлими Сабз амалӣ мегардад, намунаи муҳими ҳамгироии илм, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии ҷомеаҳои осебпазир мебошад. Барномаи минтақавии «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» ташаббуси бузургест, ки бо маблағгузории 3,5 миллиард доллар аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ва Бунёди иқлими сабз барои 9 кишвари Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Покистон таҳия ва амалӣ мешавад. Ин барнома ба мониторинги пиряхҳо, пешбурди назорат ва омӯзиши обшавии босуръати пиряхҳо бо истифода аз илму технологияҳои муосир ва харитаҳои моҳвораӣ ва мутобиқсозии хоҷагидорию кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, беҳтар кардани низоми тақсим ва истифодаи босамари захираҳои об аз сарчашмаҳои кӯҳӣ то истифодабарандагони поёноб равона шудааст.
Чангу ғубор-омили обшавии пиряхҳо
Беш аз 60 дарсад пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд буда, босуръат об мешаванд. Як далели обшавии босуръат ба вуҷуд омадани чангу ғубор арзёбӣ мегардад, аз ин рӯ, омӯзиш ва пешгирии таъсири чангу ғубор ба пиряхҳо муҳим мебошад. Олимон бар он назаранд, ки чангу ғубор боиси тағйири шакл дар суръат, равиш ва андозаи пиряхҳо мегардад. Инчунин пиряхшиносон сабаби дигари обшавии босуръати пиряхҳоро ба афзоиши газҳои гулхонаӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ дар наздикии ҳавзаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо марбут медонанд.
Тоҷикистон — кишвари «сабз»
Дар Тоҷикистон то соли 2040 дар доираи ташаббуси дарозмуддати экологӣ–«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад. Ҳадафи асосии ин барнома беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини рушди устувори муҳити зист мебошад. Ин санад ба афзоиши майдони сабзазор, барқарорсозии ҷангалзор ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудааст. Ҳадафҳои муҳим—ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии равандҳои биёбоншавӣ, коҳиш додани таназзули хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, хусусан ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Татбиқи барнома ҳамзамон ба беҳтар шудани сифати ҳаво, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи табиат барои наслҳои оянда мусоидат мекунад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






