Дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар самти нақлиёту логистика баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Женева бо Вазири роҳ ва рушди шаҳрдории Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ мулоқот намуд, ки зимни он мусоҳибон аз тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон, бахусус дар самти нақлиёту логистика изҳори қаноатмандӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазирони ҳарду давлат ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эронро дар ҷаласаи солонаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (КНД КИА СММ), ки аз 11 то 14 феврал дар пойтахти Швейтсария доир гардид, роҳбарӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки 16 январи соли 2024 Азим Иброҳим ва хонум Фарзона Содиқ дар Душанбе, дар ҳузури сарони ҳарду давлат Барномаи иҷрои ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор аз тариқи бандари Чобаҳорро ба имзо расониданд.
Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти ваколатдори роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва Эрон суҳбатро аз ҷараёни иҷрои ҳамин барнома оғоз намуданд.
Ҷониби Эрон изҳор дошт, ки омода аст барои эҷоди маркази нақлиётию логистикии Тоҷикистон дар бандари Чобаҳор, воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии ин кишвар замин ҷудо кунад ва ҳоло мунтазири ҳайатҳои расмию соҳибкории Тоҷикистон аст.
Гуфта шуд, ки ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз тариқи низоми TIR Carnet (ҳуҷҷат барои боркашонии байналмилалӣ), ки Тоҷикистон ва Эрон аз он истифода мебаранд, зарурати гирифтани раводид барои ронандагони ҳарду давлат аз байн меравад.
Хонум Фарзона Содиқ ҳайати Тоҷикистонро ба ҷаласаи навбатии ТРАСЕКА, ки дар Эрон баргузор мегардад, даъват намуд ва гуфт, ки дар ин ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи созишнома байни Эрон ва Чин баррасӣ мегардад.
«Зарур мешуморем, ки барои истифодаи транзитӣ аз қаламрави Тоҷикистон ин ҳуҷҷатро сеҷониба ба имзо расонем, зеро он ба манфиати ҳарсе давлат хоҳад буд. Фикр мекунем, ки барои расидан ба Чин, ки дар замони муосир яке аз тавлидкунандагони асосии молу маҳсулот, таҷҳизоту мошинҳо ва технологияҳо дар дунё ба шумор меравад, роҳ аз тариқи Тоҷикистон муносиб ва қобили эътимод хоҳад буд»,- афзуд Фарзода Содиқ.
Азим Иброҳим пешниҳоди ҷониби Эрон, аз ҷумла роҷеъ ба ҳамлу нақли автомобилӣ байни Тоҷикистон ва Эрон аз тариқи Афғонистон, барои чанд моҳ тамдид намудани рухсатномаҳои аз соли пешин боқимонда барои ҳамлу нақли бор ва сода гардонидани равуои мусофирон ба хотири рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон ва Эронро қобили қабул ва баррасии минбаъда бо мақомоти дахлдор шуморид.
Азим Иброҳим оид ба истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои транзит ҷиҳати пайвастан ба Чин изҳори назар карда, гуфт: «Мо ба ҳалли ин масъала манфиатдор ҳастем, зеро онро ҳадафи стратегии худ қарор додаем».
Дар конфронси байналмилалии «Роҳ ба сӯи Тиён-Шон», ки моҳи майи соли 2024 дар Душанбе доир гардид, масоили таҳкими ҳамкории давлатҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуда, инчунин вохӯрии кории вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, гуфтушуниди вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ + Чин баргузор шуд. Яке аз мавзуъҳои муҳим барои Тоҷикистон, ки дар доираи конфронс баррасӣ шуд, масъалаи марбут ба таҳвили бор аз тариқи роҳи байналмилалии автомобилгарди «Душанбе — Кулма — сарҳади Чин» буд.
Барои фаъолсозии ин долони мултимодалӣ корҳои навсозӣ дар қитъаҳои гуногуни он, аз ҷумла дар нақби «Истиқлол» идома доранд ва имсол қисмате аз он ба анҷом мерасад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҷониби Эронро барои истифода аз ин долон даъват намуд ва изҳори умед кард, ки ҳамкории ду давлати дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаи роҳу нақлиёт боз ҳам тақвият меёбад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






