ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҳисор 400 ҳазор бех ниҳоли ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳандаю сояафкан шинонида мешавад

Февраль 18, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» сокинони шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд соли 2025 дар ду давра қариб 400 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳандаю сояафкан шинонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Бо ин мақсад дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, назди муассисаю ташкилот ва корхонаю хоҷагиҳо, новобаста аз шакли моликият пайваста ҳашарҳои дастҷамъона баргузор мешаванд.

Чунин ҳашари муташаккил дар Варзишгоҳи марказии шаҳр доир шуда, дар атрофи варзишгоҳ зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан шинониданд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Тибқи он дар марҳилаи якум- солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад. «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён дошта буданд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва қабул шудааст.

Амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди мамлакат, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ, новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷӯйборҳо равона гардидааст.

Татбиқи барномаи таҳиягардида такмили заминаи қонунгузории соҳа, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва нигоҳдории тавозуни устувори табиӣ ва идоракунии оқилонаи олами набототро таъмин менамояд. Қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» яке аз иқдоми муҳимми мамлакати мо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар буда, аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд. Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат гузошта низ, пеш аз ҳама, бунёд ва барқарорнамоии ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Нақшаи амали барнома барои марҳилаи якум, солҳои 2025-2027 таҳия гардидааст, ки дар ин давра шинонидани 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳолу бутта дар назар аст.

Маблағгузории иҷрои нақшаи амали барнома дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ, сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ, бахши хусусӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Барои мунтазам муайян намудани ҷараёни сабзиши ниҳолҳо низоми мониторинг ва арзёбӣ татбиқ мешавад, ки он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо истифода аз усулҳои муосир ташкил ва таъмин мегардад.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 18, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд