ФАННИ «ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ҲАРБӢ». Хонандагон дар ин дарс чиро меомӯзанд?

Февраль 21, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо назардошти воқеаҳои ҷаҳонӣ, тағйироти геополитикӣ ва таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва омодагии ҳарбӣ дар байни ҷавонон ба масъалаи муҳимми миллӣ табдил ёфтааст. Пешниҳодҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи омодагии дифоии ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ватандӯстии ҷавонон равона карда мешаванд, воқеан ҳам муҳим мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат омӯхтани дарси омодагии дифои ҳарбӣ низ метавонад дар шуур ва афкори хонандагон ҳисси хештаншиносӣ ва меҳанпарастиро бедор намояд.

Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм Шавкат Каримзода иброз дошт, дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф ва барномаҳои давлатӣ таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва омодагии дифоии ҳарбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маориф ба шумор рафта, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» аллакай амалӣ шудааст, ки дар он хонандагон бо усулҳои ибтидоии ҳарбӣ, истифодаи яроқ, риояи интизоми низомӣ ва дигар малакаҳои зарурӣ шинос мешаванд. «Дарсҳои ин фан бо назардошти талаботи барномаҳои таълимӣ ва истифодаи методикаҳои муосир баргузор гардида, таълими фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ҷорӣ буда, мувофиқи барномаи тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад»,-гуфт ӯ.

Шавкат Каримзода мақсади асосии таълими ин фанро омода намудани хонандагон ба иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ барои ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакат меҳисобад.

«Барномаи таълимии «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» на танҳо ба дониши назариявӣ, балки ба малакаҳои амалии низомӣ ва вазъи равонӣ диққати махсус медиҳад. Хонандагон дар ҷараёни омӯзиш бо таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтори неруҳои мусаллаҳ ва вазифаҳои асосии онҳо шинос мешаванд. Барномаи таълимии ин фан соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагии тактикӣ, тирандозӣ, ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ ва омодагии ҷисмониро фаро гирифта, дар ҳаҷми 102 соати таълимӣ дарс дода мешавад»,-иттилоъ дод мавсуф.

Тавре маълум гардид, барномаи таълимии амалкунанда на танҳо ба омӯзиши назариявӣ, балки ба малакаҳои амалӣ, аз қабили тирандозӣ, хазидан, кандани хандақ ва гузаштан аз монеаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Дар муассисаҳо барои гузаронидани машқҳои амалӣ аз майдонҳои махсуси таълимӣ истифода карда мешавад. Дарсҳо на танҳо бо усули назариявӣ, балки тавассути машқҳои амалӣ, аз қабили тирандозӣ, хазидан ва омӯзиши тактикаҳои ҳарбӣ баргузор мешаванд. Машғулияти амалӣ дар майдонҳои махсус ё синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ гузаронида мешавад.

Тавре Шавкат Каримзода гуфт, «омӯзгорони фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» дорои малакаи баланд буда, дарсҳоро тибқи низомномаи ҳарбӣ мегузаронанд. Сатҳи омодагии онҳо ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Ҳамчунин барои рушди малакаҳои амалӣ дар баробари дарсҳои назариявӣ машқҳои ҷисмонӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ доир мегарданд, ки ба ташаккули иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан мусоидат менамоянд».

Бояд гуфт, ки тарбияи ватандӯстӣ, ки дар заминаи таълими ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ густариш меёбад, ҷузъи ҷудонашавандаи низоми таълимии Тоҷикистон мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таври мунтазам чорабиниҳои ватандӯстона баргузор мегарданд, ки ба ташаккули ҳисси масъулият ва муҳаббат ба Ватан равона шудаанд. Чунин чорабиниҳо, аз қабили вохӯриҳо бо собиқадорон, баёни дастовардҳои таърихӣ ва мероси ниёгон ба хонандагон имконият медиҳанд, ки дониши худро тақвият бахшида, онро дар амал истифода баранд.

Ба иттилои Шавкат Каримзода, омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ пурра омода буда, таълими ин фаннро дар сатҳи баланд таъмин менамоянд. Дар мавриди либоси омӯзгорон иброз гардид, ки либоси низомӣ барои омӯзгорон унсури иловагӣ буда, талаботи ҳатмӣ надорад, зеро таъсири тарбиявии фан аз шахсияти омӯзгор ва усулҳои кори ӯ вобаста аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ менамоянд».

Воқеан ҳам, ба таври зарурӣ ба таълими ин фан фаро гирифтани хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ дар бедории ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми ин диёр таъсири баланд мегузорад. Шавкат Каримзода изҳор медорад, ки барои ташаккули руҳияи ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ гурӯҳҳои корӣ амал менамоянд, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта, бо хонандагон ва омӯзгорон вохӯриҳо мегузаронанд. «Ҳадафи ин гурӯҳҳо баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон оид ба хизмат ба Ватан ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстии насли наврас мебошад»,-гуфт ӯ.

Дар анҷом бояд гуфт, ки ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул шавем. Дар ин масири мушкил давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин самт равона намояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 21, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд