Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барномаи «Fifa Talent Development Scheme» силсиламашварат доир намуд
ДУШАНБЕ, 07.02.205 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) иҷрои барномаи «Talent Development Scheme»-и Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА)-ро дар мамлакат идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар доираи барномаи «FIFA Talent Сoach» Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе силсиламашварат баргузор кард, ки он мавзуъҳои нақшаи рушди истеъдодҳои ФИФА ва сиёсати ФИФА дар ҳифзи кӯдакон, нақшаи рушди истеъдодҳои ФИФА «Talent Development Scheme», лоиҳаи «TDS», ки дар Тоҷикистон амалӣ мешавад ва равобит бо ФИФА, инчунин скаутингро дар бар гирифт.
Машваратҳои таълимӣ аз ҷониби дастурдиҳандаҳои ФИФА Марян Пахар, Ҷонни Ҳаррис, Клаудио Гарсиа Лара ва Ричард Аллен гузаронида шуданд. Дар онҳо директорони техникии минтақавӣ ва мураббиён аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






