ФУТБОЛ. Имрӯз қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 баргузор мегардад

Февраль 5, 2025 09:51

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба қисмати ниҳоии мусобиқа КМВА, «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол» ва «Ҳосилот» аз Душанбе, «Саразм» ва «Мастчоҳ» аз Суғд ва «Сомон»-у  «Панҷшер» аз минтақаи Хатлон роҳ ёфтанд.

Ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, бошгоҳҳо дар гурӯҳҳои худ ба муқобили ҳар рақиб яктоӣ бозӣ анҷом медиҳанд.

Ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳои зинаи дуюм ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳхат пайдо мекунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 5, 2025 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад