ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Соли 2024 95 фоизи маблағҳои суғуртавӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардид

Февраль 4, 2025 10:44

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ» 95 фоизи маблағҳои суғуртавӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт карда шуд. Дар ин хусус директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ин иқдом бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои суғурташавандагон, инчунин барои ғайринақдӣ амалӣ намудани пардохти маблағҳои ҳаққи суғуртавии намудҳои ихтиёрӣ дар фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» амалӣ мешавад»,- гуфт директори корхона.

«Тоҷиксуғурта» бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» ҳамкориро тақвият бахшидааст ва суғурташавандагон метавонанд тавассути замимаи «Эсхата онлайн» ҳаққи суғуртаро супоранд.

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ на танҳо дастрасии осон ба маҷмуи хизматрасонии молиявӣ, балки ба таври назаррас боло бурдани сатҳи амнияти молиявиро ифода менамояд.

«Соли 2024 кормандони мо аз суғурташавандагон маблағи хеле кам ҷамъ оварданд, зеро аксари онҳо маблағҳоро ғайринақдӣ пардохт намуданд, ки ин барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мусоид фароҳам меорад»,-гуфт Шуҳрат Мақсудзода

Ба иттилои директори ин корхона, яке аз мушкилоте, ки барои суғурташавандагон монеа эҷод мекунад, ин набудани филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар баъзе шаҳру ноҳияҳои дурдаст мебошад. Аз ин рӯ гурӯҳи корӣ ба мардум мефаҳмонад, ки маблағҳоро метавонанд дар филиалҳои бонкҳо, ки дар марказҳои вилоятҳо фаъолият мекунанд, пардохт намоянд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» нақша дорад, ки соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро ба тариқи Бонки амонагузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» амалӣ намояд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта баёнгари он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, дар таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши муҳим дорад.

Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасонии давлатӣ ин равандро осон ва мусоид мегардонад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, давоми солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилоти қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш меёбад. Ин нишони он аст, ки эътимоду боварии аҳолии мамлакат ба воситаҳои муосири пардохти электронӣ ва истифодаи он беш аз пеш зиёд мешавад.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода иброз дошт, ки шароити фароҳамоварда дар мамлакат, хусусан дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ ба сокинон имкон медиҳад, ки пардохтҳо тавассути телефонҳои мобилӣ анҷом ёбанд. Дар ин самт шумораи зиёди шаҳрвандон- дорандагони кортҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони замимабарномаҳои махсуси бонкӣ метавонанд ҳаққи суғуртаро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

Низоми ғайринақдӣ барои аҳолӣ якчанд афзалият дорад. Махсусан, зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз миён рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидшуда дар дохил ва хориҷи мамлакат вуҷуд дорад. Дар ин радиф пардохтҳои ғайринақдӣ доираи гардиши пулҳои нақдиро рӯз аз рӯз маҳдуд менамоянд. Масалан, барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ гирифти пули нақд аз банкомат зарур нест.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд