ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Соли 2024 95 фоизи маблағҳои суғуртавӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардид

Февраль 4, 2025 10:44

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ» 95 фоизи маблағҳои суғуртавӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт карда шуд. Дар ин хусус директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ин иқдом бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои суғурташавандагон, инчунин барои ғайринақдӣ амалӣ намудани пардохти маблағҳои ҳаққи суғуртавии намудҳои ихтиёрӣ дар фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» амалӣ мешавад»,- гуфт директори корхона.

«Тоҷиксуғурта» бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» ҳамкориро тақвият бахшидааст ва суғурташавандагон метавонанд тавассути замимаи «Эсхата онлайн» ҳаққи суғуртаро супоранд.

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ на танҳо дастрасии осон ба маҷмуи хизматрасонии молиявӣ, балки ба таври назаррас боло бурдани сатҳи амнияти молиявиро ифода менамояд.

«Соли 2024 кормандони мо аз суғурташавандагон маблағи хеле кам ҷамъ оварданд, зеро аксари онҳо маблағҳоро ғайринақдӣ пардохт намуданд, ки ин барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мусоид фароҳам меорад»,-гуфт Шуҳрат Мақсудзода

Ба иттилои директори ин корхона, яке аз мушкилоте, ки барои суғурташавандагон монеа эҷод мекунад, ин набудани филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар баъзе шаҳру ноҳияҳои дурдаст мебошад. Аз ин рӯ гурӯҳи корӣ ба мардум мефаҳмонад, ки маблағҳоро метавонанд дар филиалҳои бонкҳо, ки дар марказҳои вилоятҳо фаъолият мекунанд, пардохт намоянд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» нақша дорад, ки соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро ба тариқи Бонки амонагузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» амалӣ намояд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта баёнгари он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, дар таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши муҳим дорад.

Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасонии давлатӣ ин равандро осон ва мусоид мегардонад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, давоми солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилоти қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш меёбад. Ин нишони он аст, ки эътимоду боварии аҳолии мамлакат ба воситаҳои муосири пардохти электронӣ ва истифодаи он беш аз пеш зиёд мешавад.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода иброз дошт, ки шароити фароҳамоварда дар мамлакат, хусусан дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ ба сокинон имкон медиҳад, ки пардохтҳо тавассути телефонҳои мобилӣ анҷом ёбанд. Дар ин самт шумораи зиёди шаҳрвандон- дорандагони кортҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони замимабарномаҳои махсуси бонкӣ метавонанд ҳаққи суғуртаро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

Низоми ғайринақдӣ барои аҳолӣ якчанд афзалият дорад. Махсусан, зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз миён рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидшуда дар дохил ва хориҷи мамлакат вуҷуд дорад. Дар ин радиф пардохтҳои ғайринақдӣ доираи гардиши пулҳои нақдиро рӯз аз рӯз маҳдуд менамоянд. Масалан, барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ гирифти пули нақд аз банкомат зарур нест.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби маблағҳои грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба соҳаи саноати Тоҷикистон баррасӣ гардид
Масъалаи фаъолгардонии парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Абузабӣ ва Душанбе-Шарҷа баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи андоз аз 108,4 фоиз иҷро гардидани нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ хабар дод
Дар Женева ҷаласаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо баргузор шуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика дар Душанбе баррасӣ гардид
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Женева оид ба корҳои дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ анҷомёфта сухан кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ёвон 5 коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
Мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Фонди саудии рушд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Мақомоти гумрук ба буҷети давлатӣ беш аз 9,7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд
Соли 2024 аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 19 монографияи илмӣ ба нашр расид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 120 корхона бо 600 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуд