Моҳи сентябр дар Тоҷикистон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол, нимаи дуюми моҳи сентябр дар мамлакат 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад. Чунин омадааст дар банди 4-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст.
Барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири ғазалсаро бо иштироки муҳаққиқон, донишмандон ва шоирон маҳфилҳои илмӣ-адабӣ, конференсия ва ҳамоишҳо баргузор карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд 16 октябри соли 2020 баргузор шуд, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки «ман дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ ҳамеша таъкид менамоям, ки халқи тоҷик аз қадим миллати фарҳангофарину тамаддунсоз мебошад ва ба ҷаҳониён шахсиятҳои бузург – олимону мутафаккирон, шоирону нависандагон ва ҳунармандони асилеро тақдим кардааст, ки онҳо дар ғанӣ гардондани тамаддуни башар саҳми босазо гузоштаанд. Мо бо чунин фарзандони фарзонаи халқи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои миллати хеш ва аҳли башар ганҷинаи гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба ёдгор гузоштаанд».
«Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.
Бояд гуфт, ки Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки соли 1991 бо қарори ЮНЕСКО 12 октябр ба тақвими байналмилалии санаҳои муҳим шомил шуда, аз ҳамон сол инҷониб дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ эълон шудааст.
Дар воқеъ, Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва дигар ҳамзабонон аст. Аксари шоирону нобиғагон аз Ҳофиз ба худ чизе гирифта, ба ғазалиёти ӯ пайравӣ кардаанд.
Ғазалҳои шӯрангезу диловези Ҳофиз бузургтарин шахсиятҳои дунёро ба ваҷҳ овардааст ва куллиёт ӯ ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо ба нашр расидаанд. Дар китобхонаҳои машҳури дунё нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфуз мебошанд.
Тавре муҳаққиқон ёдовар шудаанд, Пушкин дар пайравии ӯ шеърҳо офаридааст, Гёте ӯро офтоби назми олам номидааст. Вақте дар Олмон Иоҳан Гёттеро «офтоби назм» ном мебаранд, ӯ эътироз мекунад ва мегӯяд: «На, ман Офтоб нестам, Офтоб дар Шарқ тулӯъ мекунад ва он Ҳофизи Шерозӣ аст. Ман танҳо Моҳтобам, ки нурҳои он Офтоби оламгирро мунъакис мекунам…».
Иоҳан Гёте пас аз ошноӣ бо эҷодиёти Ҳофиз гуфтааст:
Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне!
Ман боқӣ шикасти он надорам.
Хоҳам, ки миёни шодию ғам,
Худро чу бародарат шуморам.
Ҳофиз, ману ту тавъамонем.
Ҳамқисмати рӯзгори фонӣ.
Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,
Он аст ҳаёти шодмонӣ!
Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 дар шаҳри Шероз ба дунё омада, соли 1389 дар ҳамин шаҳр аз олам чашм мепӯшад. Ӯро дар наздикии шаҳри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг дафн намудаанд. Имрӯз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони олам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сол ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат мекунанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «ХОВАР»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид






