Намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд шинос шуданд

Февраль 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони илму фарҳанги тоҷик дар доираи иштирок дар Конфронси байналмилалии «То тавонӣ дӯстонро гум макун» ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов рафта, бо фаъолияти ин боргоҳи илму дониш шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи Самарқанд оид ба равобити дӯстонаи халқҳои тоҷику узбек, ифтитоҳи утоқҳо барои дарси забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи Самарқанд, дурнамо ва масъалаҳои ороиши илмию бадеии ин утоқҳо сухан гуфтанд.

Таъкид шуд, ки иҷрои ин амал дар доираи сиёсати фарҳангии сарони ду давлати дӯсту бародар- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев беназир мебошад.

Инчунин аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ёдгориҳои таърихии шаҳри Самарқанд, аз ҷумла Майдони Регистон, Мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ва Улуғбек (макони таҳсилу тадриси Абдураҳмони Ҷомӣ)-ро тамошо намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид