«НАРДБОЗӢ». Он варзиши фикрие аст, ки ниёгонамон эҳё намудаанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Номинатсияи муштараки «Нардбозӣ» ҳамчун бозии миллӣ ба Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Нардбозӣ яке аз навъҳои варзиши фикрии миллӣ аст, ки таърихи дароз дорад. Нард дар болои тахтаи махсуси дутабақа бо муҳраҳо бозида мешавад. Дар канори ҳар табақи тахта 6-тогӣ хоначаҳо барои гардиши муҳраҳо сохта шудаанд. Дар нардбозӣ ду бозингар аз ду тараф бозӣ мекунад, ки ҳар кадом 15-тогӣ муҳра дорад. Барои хол гирифтан ва ё миқдори қадами муҳраҳо ду муҳраи мукааби холдор истифода мешавад. Муҳрачаҳои мукаабро рӯйи тахта партофта, мувофиқи холи гирифтаашон як муҳраро аз хонаи якум гирифта, ба хоначаҳои баъдӣ ҳисоб карда мегузаронанд. Ҳамин тариқ, кадом бозигаре, ки пештар муҳраҳояшро аз майдони ҳариф гузаронад, ғолиб дониста мешавад.
Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки мардуми тоҷик аз қадим ба тамрини зеҳну фикр ва варзиши бадан шуғл дошта, ҳувият ва ҳастиро то кунун бо тавоноии зеҳну баландии тафаккури хеш ҳифз кардааст. Аз ин ҷост, ки варзиш як шохаи фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад.
Нард як навъ варзиши фикрие аст, ки онро ниёгонамон эҳё кардаанд ва баробари шоҳмот дар ҷаҳон маъмул мебошад.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайдоиши нард ба давраи Сосониён рост меояд, ки дар муқобили шоҳмот сохта шудааст. Бузургмеҳр – вазири Хусрави Анӯшервон нардро сохт ва ба ифтихори Ардашери Бобакон – асосгузори давлати Сосониён «невардашер» номид. Онро аввал «анардашер», «нардшер» низ мегуфтаанд.
Ба таҳлили пажуҳишгарон, сохтори нард вобаста ба шинохти замин ва коинот аст: тахтаи нард – кураи Замин, чаҳор бахши сатҳи тахта – фаслҳои сол, ранги сиёҳу сафеди муҳраҳо – рӯзу шаб, 30 муҳра – рӯзҳои як моҳ, гардиши тосҳо – гардиши афлок ва ситорагон, гардиши муҳраҳо – ҳаракати мардум дар рӯи Замин. Шумораи холҳои дар тосҳо буда (аз 1 то 6 хол) низ дорои рамзҳои махсус будааст. Нард фарогири андеша, ҷаҳонбинӣ ва донишу тафаккури созандагон буда, аз сарчашмаи фарҳанг ва тамаддуни қадим сарчашма мегирад.
Нардбозӣ фикрро тараққӣ медиҳад. Инчунин дар вақти истироҳат ин бозӣ фикрро тоза ва илҳоми корро дучанд мекунад. Мафкураи наврасоне, ки бозии нарду шоҳмотро аз хурдӣ ёд мегиранд, тез рушд меёбад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид






