«НАРДБОЗӢ». Он варзиши фикрие аст, ки ниёгонамон эҳё намудаанд

Февраль 16, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 16.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Номинатсияи муштараки «Нардбозӣ»  ҳамчун бозии миллӣ  ба Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Нардбозӣ яке аз навъҳои варзиши фикрии миллӣ аст, ки таърихи дароз дорад. Нард дар болои тахтаи махсуси дутабақа бо муҳраҳо бозида мешавад. Дар канори ҳар табақи тахта 6-тогӣ хоначаҳо барои гардиши муҳраҳо сохта шудаанд. Дар нардбозӣ ду бозингар аз ду тараф бозӣ мекунад, ки ҳар кадом 15-тогӣ муҳра дорад. Барои хол гирифтан ва ё миқдори қадами муҳраҳо ду муҳраи мукааби холдор истифода мешавад. Муҳрачаҳои мукаабро рӯйи тахта партофта, мувофиқи холи гирифтаашон як муҳраро аз хонаи якум гирифта, ба хоначаҳои баъдӣ ҳисоб карда мегузаронанд. Ҳамин тариқ, кадом бозигаре, ки пештар муҳраҳояшро аз майдони ҳариф гузаронад, ғолиб дониста мешавад.

Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки мардуми тоҷик аз қадим ба тамрини зеҳну фикр ва варзиши бадан шуғл дошта, ҳувият ва ҳастиро то кунун бо тавоноии зеҳну баландии тафаккури хеш ҳифз кардааст. Аз ин ҷост, ки варзиш як шохаи фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад.

Нард  як навъ варзиши фикрие аст, ки онро ниёгонамон эҳё кардаанд ва баробари шоҳмот дар ҷаҳон маъмул мебошад.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайдоиши нард ба давраи Сосониён рост меояд, ки дар муқобили шоҳмот сохта шудааст. Бузургмеҳр – вазири Хусрави Анӯшервон нардро сохт ва ба ифтихори Ардашери Бобакон – асосгузори давлати Сосониён «невардашер» номид. Онро аввал «анардашер», «нардшер» низ мегуфтаанд.

Ба таҳлили пажуҳишгарон, сохтори нард вобаста ба шинохти замин ва коинот аст: тахтаи нард – кураи Замин, чаҳор бахши сатҳи тахта – фаслҳои сол, ранги сиёҳу сафеди муҳраҳо – рӯзу шаб, 30 муҳра – рӯзҳои як моҳ, гардиши тосҳо – гардиши афлок ва ситорагон, гардиши муҳраҳо – ҳаракати мардум дар рӯи Замин. Шумораи холҳои дар тосҳо буда (аз 1 то 6 хол) низ дорои рамзҳои махсус будааст. Нард фарогири андеша, ҷаҳонбинӣ ва донишу тафаккури созандагон буда, аз сарчашмаи фарҳанг ва тамаддуни қадим сарчашма мегирад.

Нардбозӣ  фикр­ро тараққӣ медиҳад. Инчунин дар вақти истироҳат  ин бозӣ фикрро тоза ва илҳоми корро дучанд мекунад. Мафкураи наврасоне, ки бозии нарду шоҳмотро аз хурдӣ ёд мегиранд, тез рушд меёбад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ оғоз гардид
Футболбозони навраси тоҷик дар Давҳа бо дастаи мунтахаби наврасони Қатар ду бозии санҷишӣ гузарониданд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон 10 ҳазор нафар иштирок намуданд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баргузор гардид
Хонандаи тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ cоҳиби медали нуқра гардид
Дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ баргузор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Қатар бозии дӯстона доир намуд
Моҳи март бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мегарданд