НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

Февраль 8, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва беш аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷойи кор  ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишкада Сироҷиддин Ҷурахонзода иттилоъ дод.

Соли 2024 донишкада бо Донишгоҳи давлатии Иванови Федератсияи Русия, Донишгоҳи миллии тадқиқотии давлатии муҳандисии сохтмонии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи Григори Сковорода дар Переяслави Украина ва  Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дар заминаи ҳамкории байналмилалӣ омӯзгорони эҷодкори донишкада дар беш аз 10 намоиши сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохили донишкадавӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанги ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ расман кушода гардид, ки дар он намоиши китобҳо ва 13 асари миниатюраи донишкада  ба намоиш гузошта шуд.

«Ҳамчунин раёсати донишкада таъмини мутахассисони ҷавонро бо ҷойи кор яке аз масъалаҳои калидӣ дар фаъолияти худ дониста, донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ хатм менамоянд, ҳар сол тибқи роҳхат ба ҷойи кор таъмин менамояд»,- иброз дошт ректори донишкада.

Иброз шуд, ки аз шумораи умумии хатмкунандагон 38 нафари онҳоро хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм пурра ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон рӯйхати 22 нафар хатмкунандаи гурӯҳҳои ройгони равияҳои ғайриомӯзгорӣ барои ба ҷойи кор таъмин гардидан ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид