НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва беш аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷойи кор ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишкада Сироҷиддин Ҷурахонзода иттилоъ дод.
Соли 2024 донишкада бо Донишгоҳи давлатии Иванови Федератсияи Русия, Донишгоҳи миллии тадқиқотии давлатии муҳандисии сохтмонии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи Григори Сковорода дар Переяслави Украина ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар заминаи ҳамкории байналмилалӣ омӯзгорони эҷодкори донишкада дар беш аз 10 намоиши сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохили донишкадавӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанги ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ расман кушода гардид, ки дар он намоиши китобҳо ва 13 асари миниатюраи донишкада ба намоиш гузошта шуд.
«Ҳамчунин раёсати донишкада таъмини мутахассисони ҷавонро бо ҷойи кор яке аз масъалаҳои калидӣ дар фаъолияти худ дониста, донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ хатм менамоянд, ҳар сол тибқи роҳхат ба ҷойи кор таъмин менамояд»,- иброз дошт ректори донишкада.
Иброз шуд, ки аз шумораи умумии хатмкунандагон 38 нафари онҳоро хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм пурра ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон рӯйхати 22 нафар хатмкунандаи гурӯҳҳои ройгони равияҳои ғайриомӯзгорӣ барои ба ҷойи кор таъмин гардидан ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






