НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нархи хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон чанд аст?
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вақте иншоот ба тариқи соҳибкорӣ сохта мешавад, албатта, нарх дар он ҷо озод аст. Нарх ба тариқи бозаргонӣ аст, вобаста ба хароҷотест, ки соҳибкор онро ба назар гирифта, арзиши хонаро муайян мекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон нархи 1 метри мураббаи хона ба ҳисоби миёна 705 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе он 780 доллар буда, тағйирёбанда аст. Масалан, дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 7 ошёна боло 550 доллар ва аз 7 ошёна поён 650 доллар, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 7 ошёна боло 850 долларро ташкил медиҳад. Ин, албатта, вобаста ба ошёна ва ҷойгиршавии ин ё он иншоот мебошад. Чунин иброз дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода.
Дар мавриди нархҳои хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Низом Мирзозода иброз дошт, ки арзиши хонаҳо тағйирёбанда аст. Ба иттилои ӯ, манзилҳои истиқоматие, ки аз тарафи ташкилоти махсус сохта мешаванд, ба кормандонашон аз рӯи арзиши аслии он иншоот фурӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки 1 метри мураббаи хонаҳои истиқоматӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон 775, дар Озарбойҷон-1141, Қирғизистон- аз 635 то 700, Беларус-1544 ва Русия 4042 долларро ташкил медиҳад.
Соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати умумии 1 миллиону 739,6 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 100,2 фоизро ташкил медиҳад.
Ба андешаи раиси кумита, бо мақсади баҳодиҳӣ ба риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуотӣ сохтмонӣ, санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Русия таъсис дода шудааст.
«Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ мешавад. Мақсади асосии санҷиш муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад»,-баён дошт ӯ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






