НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Бадахшон 67 тафтишу санҷиш анҷом дод

Февраль 12, 2025 11:17

ХОРУҒ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сардори Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Олимҷон Маҳмуродзода гуфт, ки соли 2024 дар муассисаю ташкилот ва субъектҳои хоҷагидории давлатӣ 67 тафтишу санҷиш анҷом дода шуд. 3 адади он аз рӯи нақшаи тасдиқгардида, 5 адад дар асоси маводи оперативӣ ва 8 адад дар асоси дархости ниҳодҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ гузоронида шуд.

Дар натиҷаи ин санҷишҳо ба маблағи 5 миллиону 256 ҳазору 247 сомонӣ камомад ошкор гардид, ки аз он зиёда аз 869 ҳазор сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, зиёда аз 469 ҳазор сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ буда, 2 миллиону 909 ҳазору 869 сомониро маблағи ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ташкил медиҳад.

Ҳайати шахсии раёсат соли 2024 124 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва вобаста ба андозро ошкор намуд.

Сардори Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷузъи муҳими фаъолияти ҳамкорону ҳамкасбонаш арзёбӣ намуда, баён дошт, ки соли 2024 зиёда аз 100 мулоқоту суҳбати инфродӣ бо кормандони идораю муассисаҳо, соҳибкорон ва табақаҳои мухталифи ҷомеа баргузор шуд. 300 буклету овезаҳои марбут ба пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ омода ва паҳн карда шуданд. Дар соли 2024, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуда буд, кормандони раёсат корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам тақвият доданд. Дар натиҷа амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2023 хеле коҳиш ёфтанд.

Гуфта шуд, ки пешгирӣ ва коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ вазифаи ҳар шаҳрванд буда, дар ин самт танҳо бо муборизаи муштараки ҷомеа ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ метавон натиҷаи дилхоҳ ба даст овард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»