Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Маросими истиқболи расмӣ дар Маҷмааи фарҳангӣ – ҳунарии Саъдободи шаҳри Теҳрон доир шуд.
Баъди маросими истиқболи расмӣ мулоқоти хосcаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Муҳаммадризо Ориф ва мулоқоти ҳайатҳои васеъ баргузор гардид.
Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки Эрон дар низоми равобити байналмилалии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки соли равон дар доираи сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён гардиши мол байни ду давлат афзоиш ёфта, муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба таври назаррас густариш меёбанд.
Таъкид карда шуд, ки муносибатҳои кишварҳо муштаракоти таърихию фарҳангӣ дошта, ду миллат тамаддуни бой ва забони ҳаммонанд доранд.
Ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои барои ҷонибҳо манфиатовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо аз рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷабҳа дар самтҳои гуногун шуданд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорату сармоягузорӣ имконоти фаровон доранд ва истифодаи самараноки ин имконияту захираҳо метавонад барои рушди ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун заминаи воқеӣ гузорад.
Имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон заминаи устувори равобити байниҳукуматӣ дар оянда маънидод гардид.
Дар идомаи мулоқот ба Ҳукумати Эрон ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar мулоқот намуд
Ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Иттиҳодияи осорхонаҳои Австрия мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар бахши нафту газ баррасӣ шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Таом ва хӯришҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи хайриявии Бишкек таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуданд
Дар Фестивали байналмилалии гастрономӣ дар Беларус 20 намуди таоми миллии тоҷикон пешниҳод гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об мулоқот намуд






