Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ ва мафкуравӣ рӯ ба рӯ гардидааст, мо бояд дар доираи таълимоти воқеии исломӣ ва анъанаҳои неки миллӣ инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва ваҳдату ҳамбастагиро тарғиб намуда, ба амалу андешаҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ роҳ надиҳем. Чунин изҳор доштаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.
Ба таъкиди Сарвари давлат, шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак ба ҳамдигар меҳрубон бошанд, ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд, сари ятимонро сила намоянд, бо хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ёру дӯстон муносибати хуб дошта бошанд ва аз дилҳои худ кинаю адоватро дур намоянд.
«Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он омода ва нангу номуси ватандӯстӣ дошта бошад ва дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳм гузорад, зеро тибқи фармудаи Пайғамбари ислом «муҳаббат ба Ватан аз ҷумлаи имон аст»,-баён доштанд Пешвои миллат.
Дар паёми шодбошӣ Президенти Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, имони комил, хушбахтию некрӯзӣ ва дар кору зиндагии ҳар фарди ҷомеа барору комёбиҳо орзу намуданд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






