Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
ДУШАНБЕ, 01.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ба назар гирифтани вазъи зудтағйриёбандаи ҷаҳони имрӯза, торафт боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, гармшавии иқлим, ки обшавии пиряхҳо яке аз пайомадҳои он буда, боиси камобию хушксолӣ мегардад, кишоварзони мамлакатро дар ин айём зарур аст, ки махсусан ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада иброз доштанд.
Пешвои миллат ҳамчунин изҳор намуданд, ки мо бояд барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат заминро самаранок истифода карда, соҳаи кишоварзиро дар заминаи дастовардҳои инноватсионӣ рушд диҳем.
«Мардуми сарбаланди тоҷик, ки аз замонҳои хеле қадим то кунун бунёдкору созанда мебошанд, ин анъанаи неки аҷдодиро имрӯз низ идома дода, дар сарсабзу обод гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд. Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ ва ба тартиб овардани дарахту боғҳо машғул мешуданд»,- иброз доштанд Сарвари давлат.
Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад. Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва кишту кори баҳорӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.
АКС аз бойгонӣ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






