Сиёсати иҷтимоӣ самти муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 мебошад
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/12/HHDT-1.jpg)
ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интихобот рукни муҳими давлати демократӣ буда, ифодаи олии иродаи халқро дар амалӣ намудани низоми давлатдорӣ ва муайян намудани стратегияи рушди давлатдорӣ дар марҳилаҳои минбаъда собит менамояд. Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Дилноза Аҳмадзода вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ чунин ибрози назар намуд:
— Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар пешорӯи баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Дар заминаи татбиқи принсипи волоияти қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ташкил ва баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ, ки ифодакунандаи мавқеи халқ мебошад, дар асоси санади олии ҳуқуқӣ- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пурра ба танзим дароварда шуда, бо риояи принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот ташкил ва баргузор карда мешавад.
Бо назардошти муҳимияти гуногунандешии сиёсӣ дар марҳилаи интихобот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ бо барномаҳои пешазинтихоботӣ, ки фарогири самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳар ҳизбро дар марҳилаи миёнамуҳлат инъикос менамоянд, вориди майдони маъракаи сиёсӣ гардида, бо истифодаи тамоми шаклҳои тарғибу ташвиқ тибқи муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ барои ба даст овардани раъйи электорати сиёсӣ талош менамоянд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ бо барномаи пешазинтихоботии фарогири самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030, аз ҷумла таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният дар ҷомеа, сиёсати иқтисодӣ, сиёсати иҷтимоӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанги миллӣ ва иттилоот, сиёсати ҷавонон ва варзиш, такмили қонунгузорӣ, таҳкими қонуният ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва сиёсати хориҷӣ дар маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона дорад.
Яке аз самтҳои муҳимтарини барномаи фарогири рушди мамлакат, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст, ин сиёсати иҷтимоӣ мебошад, ки дар заминаи амалӣ гардидани нақшаҳо дар бахши иқтисод афзалияти бештар касб менамояд.
Сиёсати иҷтимоӣ бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳварӣ дар барномаи ҳизбӣ муайян гардида, тадбирҳои назаррас дар ин самт амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, самти тандурустӣ ва солимии аҳолӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими бозори меҳнат, сиёсати гендерӣ ва таҳким бахшидани оила ҷанбаҳои муҳим ва калидии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, мутобиқи моддаи 1-и санади олии ҳуқуқӣ- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ фароҳам меоварад.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Ин аст, ки танҳо соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаю эҳтиёҷманд, нафақахӯрон ва расонидани кумаки тиббӣ ба онҳо, давра ба давра баланд бардоштани нафақа, такмили низоми қонунгузорӣ дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ вазифаҳои муҳими барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, дар ин самт тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ мешаванд.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати муваффақонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 84 фоизи соли 2001 то ба 21,3 фоиз дар соли 2024 коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфт.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024), маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Новобаста аз ин Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойи нави кор, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ин раванд ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва самти афзалиятноки барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шуд.
Новобаста аз ин имрӯз бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкилию иқтисодии бунёди ҷойи нави кор дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ҷой дошта, дар ин раванд тақвияти соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиш додани шумораи бекорон, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани шаҳрвандон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, тақвияти фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ, фарогирии васеи аҳолӣ бо омӯзиши касбу ихтисосҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, дарёфти бозорҳои нав бо шароити муносиби корӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дода шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин давра дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ якчанд чорабиниҳо амалӣ гардида, ҳамасола дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор ҷои нави кор таъсис дода шуда, минбаъд низ афзалияти бештар ба касбомӯзии аҳолии бекор, бахусус занону ҷавонон дода мешавад.
Бо назардошти ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи аҳолии қобили меҳнат дар заминаи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо равона карда мешавад.
Дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тақвияти бештари кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, инчунин беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисосро дар мадди аввали фаъолият гузошта, тамоми тадбирҳои дахлдорро бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ташаккули механизмҳои таъмин намудани афзоиши давомнокии умр ва солимии аҳолӣ амалӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ бо истифода аз ҳамаи имконият 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд ва ин тадбир минбаъд низ идома меёбад.
Дар меҳвари фаъолияти иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиёсати гендерӣ ва таҳким бахшидани оила ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занону духтарон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор занони мамлакат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Аз оғози амалӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону занон муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо татбиқи барномаи пешазинтихоботӣ, ки самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро фаро мегирад, минбаъд низ барои таҳкими масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими бозори меҳнат, сиёсати гендерӣ, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳ менамояд. Ва тадбирҳоро дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, дастгирии иқтисодии занон, аз ҷумла таъмин намудани дастрасии занон ба захираҳои молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок, грантҳои гуногун, баланд бардоштани нақши ниҳоди оила дар ҷомеа ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандон, танзими оила ва таъмини солимии репродуктивӣ амалӣ менамояд.
Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо татбиқи босифат ва самараноки ин барнома ба рушди рӯзафзуни иқтисоди ҷумҳурӣ ва пешрафту ободии ояндаи Тоҷикистон мусоидат намуда, барои ба давлати устувору босубот, пешрафтаю қудратманд ва одилонаю рушдёфта мубаддал гардидани Тоҷикистон заминаи устувор гузошта, барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон талош менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»