Соли 2024 блогерони тоҷик ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ андоз супориданд

Февраль 14, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 14.02.2025  /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 блогерони тоҷик ба маблағи 2 миллиону 200 ҳазор  сомонӣ андоз супориданд. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ  муовини сардори Сарраёсати маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Рабизода иттилоъ дод.

Имрӯзҳо шумораи зиёди шаҳрвандону ҳунармандон, аз ҷумла блогерон (блокнависон) шабакаҳои иҷтимоиро манбаи даромад қарор дода, аз ҳисоби тарғиби зиёди молу маҳсулот, гузоштани видео-роликҳо, ҳар гуна филмҳои кӯтоҳ, ташкил намудани пранк ва дигар саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ каналҳои шахсӣ боз намуда, даромад ба даст меоранд. Аммо на ҳамаи онҳо тибқи талаботи Кодекси андоз доир ба даромадҳои ба дастовардаашон андозҳоро ҳисоб ва ба буҷет пардохт намудаанд.

Ба иттилои Ҷаҳонгир Рабизода, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ дар мақомоти андоз ба ҳолати 1 январи соли 2025,  114 субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла 71 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 43 шахси ҳуқуқӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерию вайнерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Ин шумора нисбат ба аввали соли 2024  26 нафар зиёд мебошад.

Тибқи махзани маълумот, даромади умумии субъектҳои дар соҳаи блогерӣ фаъолияткунанда соли 2024 дар маҷмуъ 27 миллиону 100 ҳазор  сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 8 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби ин субъектҳо ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор  сомонӣ андозҳо ҳисоб ва ба буҷет 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ пардохт  гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 маблағи андозҳои ҳисобшуда 510 ҳазору 400 сомонӣ  зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки дар асоси муқаррароти моддаи 185 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна даромад, подошпулӣ ва манфиатҳое, ки андозсупоранда дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ аз фаъолияти сохибкорӣ гирифтааст, мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад. Бинобар ин даромадҳои аз шабакаҳои иҷтимоии «Facеbook», «Instagram», «Telegram», «You Tube» ва ғайра бадастовардаи блогерон мутобиқи талаботи ин моддаи Кодекси андоз мавриди андозбандӣ қарор дода мешаванд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад