Соли 2025 дар ноҳияи Спитамен дар 6500 гектар пунбадона кишт карда мешавад

Февраль 8, 2025 15:41

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ноҳияи Спитамен дар 6500 гектар пунбадона, дар 140 гектар картошкаи барвақтӣ, дар 350 гектар сабзавот, дар 150 гектар полезиҳо, дар 50 гектар помидор ва дар 250 гектар пиёз кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Таъкид гардид, ки масъулинро зарур аст ба соҳаи кишоварзӣ, махсусан сари вақт гузаронидани кишти зироат ва истифодаи самараноки замин, истифодаи тухмиҳои босифату серҳосил эътибори ҷиддӣ диҳанд. Зеро таъмини амнияти озуқаворӣ аз фаъолияти кишоварзон ва истифодаи самараноки обу замин вобастагӣ дорад.

Ҳамчунин дар ноҳия хоҷагии деҳқонии «Маърифат» фаъолият менамояд, ки аъзои он соли 2024 дар 6 гектар боғи нав бунёд карданд. Аъзои хоҷагӣ тасмим гирифтаанд, ки соли 2025 дар масоҳати 6 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.

Дар боғи нав 3 навъ ниҳоли себ шинонида шуда, дар байни қатори дарахтон картошка ва пунбадона кишт карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 8, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад