ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, шанбе, 39-умин рӯзи соли 2025 аст

Февраль 8, 2025 08:00

8 феврали соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия созишнома ба имзо расид.

***

8 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукуҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ шуд.

***

8 феврали соли 2021 дар Душанбе ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маросими навоихонӣ баргузор гардид.

***

8 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

***

8 феврали соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ самтҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 зимни баргузории ҳамоиш дар Душанбе иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим /COP28/, ки соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардида буда, натиҷагирӣ гардид.

8 ФЕВРАЛ:

Рӯзи илм дар Федератсияи  Русия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Акобир Шарифӣ— соли 1928 -адиби бачагона. Аз соли 1962 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Февраль 8, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш