Татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Тоҷикистон бо иштироки ташкилоти қарзии молиявӣ баррасӣ шуд

Февраль 14, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ дар Душанбе ҷаласаи корӣ гузаронида шуд. Ҳадафи он аз таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ иборат буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд дар соли 2024 якчанд чорабинии омӯзишӣ-маърифатӣ, аз ҷумла тренингҳо, машваратҳо, вохӯриҳо ва фестивалҳои саводнокии молиявӣ баргузор намуд, ки дар онҳо зиёда аз 148 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Натиҷаи мониторинги сатҳи ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳои мақсадноки фарогирии молиявӣ бозгӯи он аст, ки ҳолати нишондиҳандаҳои фарогирии молиявии ҷанбаи дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ ба сатҳи мақсадноки пешбинишуда расидааст.

Дар ҷаласа намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ вобаста ба таҷрибаи кори худ табодули назар намуданд.

Барои расидан ба мақсадҳои стратегия, сохтори идоракунии он: Шурои ҳамоҳангсозӣ, кумитаи иҷроия ва гурӯҳҳои кории мавзуӣ аз рӯйи самтҳои асосии стратегия таъсис шуда, фаъолияти Шурои ҳамоҳангсози стратегия таҳти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 14, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд