Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии СММ дар доираи «Раванди Душанбе» баррасӣ гардид

Февраль 13, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои амниятӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025» табодули афкор намуданд.

Инчунин зимни вохӯрӣ тавсеаи ҳамкории  Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва иқдоми муштарак дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он»  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Февраль 13, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд