Тоҷикистон ва Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар Душанбе корхонаи муштараки саноатӣ таъсис диҳанд

Февраль 22, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ  «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ  ва таъсиси корхонаи  муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон  «Кварс» Акмалҷон Бӯриев  баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳ бо коршиносон дар  ноҳияи Қуввасойи вилояти Фарғона дар корхонаи шишабарории «Кварс» бо фаъолияти корӣ ва тавлиди шиша дар ин коргоҳ шинос шуданд.

Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак иқдом гиранд. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон боз як корхонаи пуриқтидори саноатӣ таъсис гардад.

    АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Февраль 22, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд