ҲУНАРМАНД ҲЕҶ ГОҲ ХОР НАМЕГАРДАД. Устои карнайсоз аз Истаравшан бо ин ҳунараш соҳибэҳтиром гардидааст
СУҒД, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Карнай аз солҳои қадим, алалхусус аз асрҳои Х-ХI дар тамоми қаламрави Мовароуннаҳр маълуму машҳур ва шуҳраташ хеле боло рафта буд. Аз ҷумла, карнайсозӣ низ дар ин замина бештар дар Осиёи Марказӣ рушд ёфт ва баъдан дар шаҳрҳои бостонии Самарқанд, Хуҷанд ва Истаравшан хеле маъмулу машҳур гардид»,-чунин иброз дошт устои мисгари истаравшанӣ Мирзо Мансуров.
Бояд гуфт, ки дар асрҳои миёна карнай барои даъват ба муҳорибаҳои ҷангӣ истифода бурда мешуд, ба воситаи карнай аҳолиро аз омадани аҷнабиён хабар медоданд ва ё дар тӯю маъракаҳо карнай навохта мешуд. Аз ҳамин сабаб дар шаҳрҳои алоҳида, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, Хеваю Истаравшан барои сохтани карнай устоҳо амал мекарданд.
«Истаравшан ҳамчун шаҳри бостонӣ дар баробари доштани устоҳои мисгар бо ҳунари карнайсозӣ низ то имрӯз шуҳратёр гардидааст», — гуфт Мирзо Мансуров.
Мирзо Мансуров иброз намуд, ки «карнайсозӣ касби авлодии мо буда, асрҳо боз ин касб аз насл ба насл мегузарад. Ин касби карнайсозӣ ба мо аз бобоям усто Миршафӣ мерос монда ва ин касбро ӯ аз падараш усто Мирсабур омӯхтааст».
Сохтани карнай меҳнати заҳматталаб буда, барои сохтани он 7-8 рӯз зарур аст. Сохти карнай аз 3 қисми берунӣ ва 7 қисми дохилӣ иборат мебошад. Асосан карнайро аз маҳсулоти миси сурх ва биринҷӣ тайёр менамоянд. Ҳамзамон барои пайванди қисмҳои он аз масолеҳи қалъагӣ ва нуқра истифода мебаранд.
Карнайҳои давраҳои қадим, ба монанди карнайи буғ, каҷкарнай, карнайи говдум, карнайи шикаста, карнайи шайпур, карнайи туғрӣ ва ғайраҳоро, ки солҳои тӯлонӣ аз байн рафта буданд, усто Мирзо ҳамроҳ бо фарзандон ва шогирдонаш аз нав эҳё менамояд.
Ҳоло зиёда аз 8 намуди карнайи эҳёнамуда ва сохтаи устои ҳунарманд дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷой гирифта, манзури тамошобинон гардонида шудааст. Усто Мирзо баробари сохтани карнайҳо боз вақт ёфта, дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба шогирдон ин ҳунарро тарбия медиҳад. Ҳоло аксарияти шогирдон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мустақилона фаъолият доранд.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав рушду эҳё гардид.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавасмандгардонӣ ва имтиёздиҳӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Ин омил ба ташкили садҳо ҷойи нави кор ва беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои усто Мирзо Мансуровро ба назар гирифта, ӯро бо унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонид. Ҳамзамон ӯ дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи «Камоли Хуҷандӣ» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Усто Мирзо Мансуров якчанд маротиба бо таклифи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунраҳои мардумӣ, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва дипломҳои хотиравӣ гардидааст.
Карнайҳои сохтаи усто Мирзо Мансуровро агар ҳисоб кунем, ба ҳазорҳо адад мерасад. Ҳоло ягон дастаи ҳунарии шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва пойтахту вилоятҳои он нест, ки аз карнайҳои сохтаи усто Мирзо Мансуров истифода набаранд.
Мирзо Мансуров ҳунари волои худро ба 3 писару набераҳояш омӯзонида, умед дорад, ки касби карнайсозиро идома медиҳанд.
Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳунар калиди ҳамаи дарҳост». Аз ин рӯ, ҳунарманд ҳеҷ вақт хор намегардад ва бо ҳунари хеш машҳур гардида, дар дили ҳар фард ҷо гирифта, шодию нишот меорад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон иброз доштанд, ки «мо бояд имрӯз низоми нави рушди соҳаи фарҳангро ташаккул диҳем, ки мазмуну мундариҷаи он ба ташаккулу симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастию анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳад».
Ин гуфтаҳои Сарвари давлатро усто Мирзо Мансуров бо фарзандон ва набераҳояш шиори ҳаррӯзаи кор намуда, пайваста санъату ҳунари худро инкишоф медиҳад ва мекӯшад, то ба халқу Ватан хизмати шоиста намояд.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






