ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад

Февраль 9, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон танзими ҳуқуқии интихобот тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амалӣ мешавад. Пас аз таъйини интихобот навбати таъсиси комиссияҳои интихоботӣ фаро мерасад, ки ҳар кадоме дар вақти муайяншуда ба ҷо оварда мешавад.

Тибқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд:

— Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;

— комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;

— комиссияҳои участкавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон.

Раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бозхонд мекунад, ки дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Қонуни конститутсиониро назорат ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ дастурҳо қабул ва тартиби татбиқи Қонуни конститутсиониро маънидод мекунад;

— ҳавзаҳои якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил мекунад ва ба онҳо ному рақам мегузорад;

— Комиссияҳои ҳавзавии интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил медиҳад ва доир ба қароргоҳи онҳо маълумот дарҷ мекунад;

— кори комиссияҳои интихоботро ба роҳ мемонад, тартиби ба ҳайати онҳо даровардани тағйиротро муайян мекунад, агар қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хилофи ин Қонуни конститутсионӣ бошанд, онҳоро мустақилона ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор мекунад;

— масъалаҳои ба ҳавзаи интихобот ҳамроҳ намудани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, ҳал менамояд;

— ба номзадҳо барои иштирок карданашон дар маъракаи интихобот шароити баробар муҳайё мекунад;

— бо тартиби муқарраргардида маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим мекунад, бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва масъалаҳои дигари таъминоти моддию техникии интихоботро ҳал менамояд;

— шакл ва матни бюллетенҳои интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, рӯйхати интихобкунандагон, протоколи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот, ҳуҷҷатҳои дигари интихобот, намунаи қуттиҳои интихобот ва муҳри комиссияҳои интихобот, тартиби нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои интихоботро муқаррар мекунад;

—  бюллетенҳоро барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳама ҳавзаҳои интихобот тайёр мекунад;

— гузориши роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони ҳизбҳои сиёсиро аз рӯйи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

— тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби номзад барои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунад;

— тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ, мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд;

— рӯйхати номзадҳоро аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидаанд ва шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад;

— ба номзадҳое, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудаанд ва ба шахсони боэътимоди ҳизбҳои сиёсӣ шаҳодатномаи намунаи муқарраргардида медиҳад;

— натиҷаи интихоботро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд, вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, дар матбуот оид ба ҷамъбасти интихобот маълумот ва рӯйхати аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро чоп мекунад;

— масъалаҳои гузаронидани интихоботи такрории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ҳал мекунад;

— интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда таъйин намуда, мегузаронад;

— аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали (беамалии) комиссияҳои интихобот баррасӣ менамояд ва аз рӯи онҳо қарорҳо қабул мекунад;

— ба бойгониҳо супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихоботро таъмин менамояд;

— мувофиқи Қонуни конститутсионӣ ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад. Яъне ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба таври васеъ маънидод карда мешаванд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ваколаташ комиссияҳои зеринро ташкил мекунад:

— Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллиро дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо камаш ду моҳ пеш аз интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ташкил медиҳад, ки дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

— ба иҷрои ин қонуни конститутсионӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;

—  гузориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро аз рӯи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

—  рӯйхати вакилони интихобкунандаро тартиб медиҳад;

— дар иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунад;

— ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул менамояд;

— натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мефиристад;

— арзу шикоятҳои дохилшударо баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

— интихоботи такрориро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ташкил мекунад;

— мувофиқи Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад.

— Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ду намуди комиссияи ҳавзавии интихобот фаъолият мекунад.

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот мебошад. Дигари он  комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот мебошад. Ин комиссия бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда мешавад.  Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— иҷрои Қонуни конститутсионии гуфташударо дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;

—  участкаҳои интихоботро ташкил менамояд, онҳоро рақамгузорӣ мекунад, комиссияҳои участкавии интихобот ташкил медиҳад ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;

—  маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотро аз рӯи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад.

— бо тартиби муқарраргардида маблағро байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт, воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои участкавии интихоботро мушоҳида мекунад ва масъалаҳои дигари дар ҳавзаҳои интихобот аз ҷихати моддию техникӣ таъмин кардани интихоботро ҳал менамояд;

— тартиб додани рӯйхатҳои интихобкунандагон ва барои шиносоии умумӣ пешниҳод кардани онро мушоҳида мекунад;

— ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон мусоидат менамояд;

—  дар маъракаи интихобот шароити баробари иштироки номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон таъмин менамояд;

—  ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон (ба таври худпешбарӣ), ки ба вакилии номзад пешбарӣ кардаанд, қабул менамояд;

— номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбаришуда ва шахсони боэътимоду мушоҳидони миллии онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад, плакатҳои тарҷумаи ҳоли номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон нашр менамояд;

— мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагонро бо интихобкунандагон ташкил мекунад;

— ба комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳои интихоботиро дастрас мекунад;

— натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мефиристад;

— овоздиҳӣ ва интихоботи такрорӣ, ҳамчунин интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакилони хориҷшударо ташкил мекунад;

— арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;

— мувофиқи ин қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад.

Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва комиссияи ҳавзавии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки қонунгузории интихоботии мамлакат  муқаррар намудааст, ки комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлатӣ вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилот ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатмӣ мебошанд.

Муҳимияти дигар дар он аст, ки комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир мешаванд.

Комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот камаш 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби комиссия ташкил мекунад.

Дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тибқи моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” барои интихоботи маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд:

— комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят;

— комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

— комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр;

— комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;

— комиссияҳои ҳавзавии интихобот;

— комиссияҳои участкавии интихобот.

Ҳамаи комиссияҳои интихобот аз рӯи принсипи ҳудудӣ таъсис дода шуда, як нафар ҳуқуқ дорад фақат аъзои як комиссияи интихобот бошад.

Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъйин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд, ки дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

— ба иҷрои ин қонуни конститутсионӣ дар ҳудуди дахлдор назорат менамояд, татбиқи якхелаи онро таъмин мекунад ва оид ба масъалаҳои ташкили интихобот тавзеҳот медиҳад;

— оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқан ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад;

— комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот чоп мекунад;

— кори комиссияҳои дахлдори интихоботро танзим мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян менамояд, метавонад мустақилона ё бо пешниҳоди прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия қарорҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботро дар сурате, ки хилофи  қонуни конститутсионӣ бошанд, бекор кунад;

— ба номзадҳо барои иштирок дар маъракаи интихобот шароити баробарро таъмин менамояд;

— маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим менамояд, бо биною нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин кардани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро баррасӣ менамояд;

— аз рӯи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тайёр намудани бюллетенҳои интихоботро ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, рӯйхати интихобкунандагон, протоколҳои комиссияҳои интихобот, варақаҳои интихоботӣ, мӯҳри худ, дигар ҳуҷҷатҳои интихоботро таъмин мекунад;

— аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот протоколҳои қайди номзадҳоро ба вакилӣ гирифта, ҳамчунин протоколҳои натиҷаи интихоботи вакилони маҷлиси дахлдорро дар бораи ҳайати номзадҳои вакилони аз қайд гузаштаи маҷлиси дахлдор хабар чоп мекунад;

— ахбори намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;

— вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, натиҷаи интихоботи Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ҷамъбаст мекунад, дар матбуот оид ба ҷамъбасти интихобот хабар ва рӯйхати вакилони интихобгардидаро чоп мекунад;

— масъалаҳои гузаронидани овоздиҳӣ ва интихоботи такрориро ҳал менамояд;

— интихоботи вакилон ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқро ба ҷои вакилони хориҷгардида таъйин мекунад ва мегузаронад;

— арзу шикоятҳоро дар хусуси қарору амал (беамалӣ)-и комиссияҳои дахлдори интихобот дида мебарояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад);

Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад.

Исфандиёр СОБИРЗОДА,
ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 9, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид
ДАР 28 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ-36 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ. Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот нишонаи шинохти масъулияти шаҳрвандӣ аст
ИНТИХОБОТ-2025. Доир ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот бо ташкилоти ҷамъиятии занон вохӯрӣ доир шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст
ИНТИХОБОТ-2025. Дар АМИТ «Ховар» бо иштироки коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ машварат баргузор гардид
АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани зайтун барои коҳиши холестерин муфид буда, бемории сактаи дилро пешгирӣ мекунад
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад