20 март дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг таҷлил мешавад

Март 20, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг эълон шудааст. Ин сана моҳи апрели соли 2017 ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид. Бахшида ба ин рӯз дар муассисаҳои фарҳангии мамлакат ҳамоиш доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз намуд,  ҳамасола дар ҷумҳурӣ  Рӯзи фарҳанг бе истироҳат ҷашн гирифта мешавад.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ба асосҳои дастраси умум будани сарватҳои фарҳангӣ, озодии фаъолияти эҷодӣ ва мусоидат ба инкишофи қувваҳои эҷодии шаҳрвандон равона шудааст. Инчунин эътирофи гуногунақидагӣ ва муносибат ба ҷараёни эҷодӣ, ҳимояи фарҳанги ҳамаи халқҳои Тоҷикистон, баробарҳуқуқии тамоми сокинони мамлакат дар эҷод, истифода ва интишори сарватҳои фарҳангӣ, ҷанбаи умумимиллӣ, илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани фарҳанг, ҷалби фаъолонаи ҷомеа ба сарватҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ  асос ёфта, замони соҳибистиқлолии мамлакат ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Муассисаҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон

Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 50 иншооти таъйиноти фарҳангӣ навсозӣ ва сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин радиф  4 иншоот дар шаҳри Душанбе, 4 иншоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 10 иншоот дар вилояти Суғд, 12 иншоот дар вилояти Хатлон ва 20 иншоот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

То имрӯз дар мамлакат 2614 муассисаи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 1363 китобхона, 74 осорхона, 9 муҷтамаъ, мамнуъгоҳ ва осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ, 69 қасри фарҳанг, 670 хонаи фарҳангӣ, 18 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 101 боғи фарҳангию фароғатӣ; 10 филармонияи халқӣ, 25 театри халқӣ, 18 театрҳои касбӣ, 13 муассисаи табъу нашр,  5 амфитеатр; 2 театр студия, 1 сирк, 1 агентӣ, 2 муассисаи илмӣ, 2 маркази сафарӣ сабт гардидааст. Ҳамчунин  117 ансамбл ва гурӯҳҳои эҷодӣ, аз ҷумла 16 ансамбли шашмақомхонон, 8 ансамбли фалаксароён, 22 ансамбли  тарона ва рақс, 19 ансамбли  рақсӣ, 8 ансамбли  эстрадӣ, 12 ансамбли  фолклорӣ-этнографӣ, 7 ансамбли оилавӣ, 7 ансамбли созҳои миллӣ, 2 ансамбли  карнайнавозон, 1  ансамбли доиранавозон, 2 гурӯҳи ҳаҷвӣ, 6 радиои маҳаллӣ, 2 оркестр, 3 муассисаи таҳсилоти олӣ, 5 коллеҷи ҷумҳуриявӣ,  88 мактаби санъат, мусиқӣ ва рассомӣ ва13 студияи сабти овоз фаъолият менамоянд.

Эътирофи фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ

Соли 2024 дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Тоҷикистону Эрон «Ҷашни Меҳргон» ва ҳамчунин номинатсияи дигари муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Узбекистон «Санъати сохту навохтани рубоб» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Дар айни замон корҳо дар самти таҳия ва ворид намудани номинатсияҳои «Ахтаршиносӣ/ситорашиносӣ», афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ва «Нардбозӣ» ҳамчун бозии миллӣ ва мардумӣ, инчунин номинатсияи «Тоқӣ» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО идома дошта, аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ такмил меёбад.

Дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Фарғона-Сирдарё» корҳои номинатсионӣ идома дошта, Парвандаи номинатсионии «Хутали қадим» бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид