Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иди Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 21, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар Тоҷикистон, ки Ватани Наврӯз маҳсуб меёбад, ҳамасола бо тамоми рукнҳои наврӯзӣ чун рамзи ифодагари ҳувият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, покизагӣ, эҳёи табиат ва дигар хусусиятҳои табиию фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Дар идома бо мақсади риояи анъана ва суннатҳои неки ниёгон аз тарафи кормандони Агентӣ дастархони идонаи наврӯзӣ бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ ороста шуд.


АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад