Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иди Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар Тоҷикистон, ки Ватани Наврӯз маҳсуб меёбад, ҳамасола бо тамоми рукнҳои наврӯзӣ чун рамзи ифодагари ҳувият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, покизагӣ, эҳёи табиат ва дигар хусусиятҳои табиию фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Дар идома бо мақсади риояи анъана ва суннатҳои неки ниёгон аз тарафи кормандони Агентӣ дастархони идонаи наврӯзӣ бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ ороста шуд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон













Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






