Ҳайати Тоҷикистон дар аввалин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО — шаҳри Париж конфронси сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки яке аз нуктаҳои асосии чорабинӣ баррасии омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маҳсуб мешавад.
Конфронси сатҳи баланди Париж ба ҳифзи пиряхҳо ва нақши онҳо дар идоракунии устувори захираҳои обӣ, инчунин таҳқиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои ҷаҳонӣ бахшида шуда, дар рафти он пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва равишҳои ҳамгироишуда дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва об таъкид гардид.
Конфронси Париж майдони махсуси муколама ва амал дар самти ҳифзи пиряхҳои ҷаҳон ва таъсири онҳо ба амнияти обӣ, ҷомеа ва экосистемаҳо арзёбӣ мегардад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






