Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар «Амонатбонк» бо суманакпазӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тибқи анъанаҳои неки ниёгонамон таҷлил гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ин рӯз аз ҷониби занону духтарони бонк яке аз рамзҳои асосии наврӯзӣ- суманак омода гардида, ба мизоҷони бонк, шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ ҳамчун армуғони наврӯзӣ пешниҳод шуд.
Инчунин Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар ин базмгаҳи наврӯзӣ аз фарорасии баҳор ва ҷашни ҷаҳонии Наврӯз мужда доданд.
Барномаи ҷолиби консертӣ иборат аз рақсу сурудҳои дилнишин базми наврӯзиро ҷаззобтар намуд.
АКС: «Амонатбонк»








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд






