Азим Иброҳим ва Асад Маҷид Хон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро баррасӣ намуданд

Март 27, 2025 14:49

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ 64 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2,8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ карда шуд. Ҳамаи ин лоиҳаҳо аҳамияти минтақавӣ доранд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 2200 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти зарурии инфрасохторӣ, ки ба стандартҳо ва талаботи муосир ҷавобгӯянд, ба истифода дода шуданд, ки ҳоло самаранок истифода бурда мешаванд. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон иброз намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот таъкид гардид, ки дар айни замон дар қаламрави кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 10 кишвар ва тақрибан 8 миллион километри мураббаъро дар бар мегирад, беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Ин созмон шимолро бо ҷануб, шарқро бо ғарб, Осиёро бо Аврупо ва Авруосиёро бо Ҷаҳони араб мепайвандад. Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ду сол қабл беш аз 2 триллион долларро ташкил дода буд ва дар ҳоли афзоиш аст. Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд. Беш аз 35 фоизи тамоми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба онҳо рост меояд. Вале мо итминон дорем, ки имконияти мавҷудаи ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳоямон асосан истифоданашуда боқӣ мемонад, зеро давлатҳои аъзои ин созмон дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин иқтидори бой дар ҳамаи соҳаҳо мебошанд. Истифодаи самараноки ин иқтидор метавонад ба беҳбуди некӯаҳволӣ ва шукуфоии иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, инчунин таҳкими сулҳу амният дар минтақа мусоидат намояд. Дар робита ба ин ҷонибдории Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобили судманд дар соҳаи нақлиёт таъкид гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ташкили долонҳои нақлиётӣ барои баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва табдил додани он ба давлати транзитӣ аҳамияти махсус медиҳад. Бо ин мақсад ҳоло дар соҳаи нақлиёти мамлакат 18 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,1 миллиард доллари амрикоӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳавзаи кишваҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбанда табдил меебад. Дар ин ҷо шабакаҳои нави нақлиётӣ ва логистикие таъсис дода мешаванд, ки ҳамчун пайванд байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Марказӣ, ки ба минтақаҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шимолу Ғарбӣ, инчунин ба кишварҳои Шарқи Наздик мебароянд, хизмат менамоянд. Фаъолияти самараноки низоми нақлиётӣ на танҳо ба рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамкории иқтисодӣ дар фазои Созмони ҳамкории иқтисодӣ боис мегардад, балки ҳамкории фаъолонаи байни халқҳоро таъмин намуда, миллионҳо нафар одамонро ба раванди фаъолияти бунёдкорона ҷалб месозад.

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба зарурати тақвияти робитаҳо байни давлатҳои аъзои созмон, ки роҳи мустақими баромад ба уқёнус надоранд ва шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ мароқ зоҳир намуд. Вай аз ҷониби котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ фаъолона татбиқ гардидани иқдоми гуногунро, ки ба дастгирии транзит ва савдо равона шудаанд, иброз намуд.

Асад Маҷид Хон саҳми Тоҷикистонро дар ташаббусҳои нақлиётии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баланд арзёбӣ карда, даъват ба амал овард, ки минбаъд низ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Вай инчунин илова намуд, ки Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои таҳкими долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҳқиқот оғоз намудааст. Интизор меравад, ки натиҷаҳои он барои беҳтар кардани тиҷорати фаромарзӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ асос шаванд.

Маълумотнома оид ба Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Созмони ҳамкории иқтисодӣ созмони минтақавии байниҳукуматӣ буда, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия бо мақсади ҳавасмандгардонии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳои аъзо таъсис дода шудааст. Соли 1992 ба ҳайати Созмони ҳамкории иқтисодӣ 7 аъзои нав — Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дохил гардиданд. Мусоидат ба рушди иқтисодӣ дар минтақа тавассути ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар соҳаҳое, ба монанди иқтисод, савдо, нақлиёт, экология ва ҳамкории гуманитарӣ аз ҳадафҳои ин созмон мебошад. Созмони ҳамкории иқтисодиро Дабири кулл роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Шурои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба муҳлати се сол бе ҳуқуқи тамдиди номзадҳои кишварҳои созмон интихоб ва таъйин карда мешавад.

Аз соли 2021 то 2024 намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ буд. Аз моҳи августи соли 2024 вазифаи Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодиро Асад Маҷид Хон (Покистон) бар уҳда дорад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2025 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 3,4 миллион доллар ангури тар ва хушк содирот гардид