Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» баргузор гардид

Март 24, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» баргузор гардид, ки  мақсад аз он эҳё намудани таомҳои миллӣ,  бо истифодаи сарфакории моҳирона оростани дастархон дар хонавода ва ҷашнҳои миллӣ   мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки халқи тоҷик на танҳо дар  омодасозии таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукўҳи идонаи миллиро низ зебу зиннати хосса мебахшад. Дар озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» дар шаҳри Хоруғ таомҳои хоси минтақаи кӯҳистон,  аз қабили боҷ, оши бурида, бат,  ҳалвои сафед ва ғайра пешкаши  иштирокдорон  гардид.

Иброз гардид, ки боҷ яке аз таомҳои хоси наврӯзӣ аст, ки  мардуми кӯҳистон онро дар  шаби  дуюми ҷашни Наврӯз омода  мекунанд. Барои омода кардани ин ғизо як қисмати гӯшт бо каллаву поча ва гандуми навъи беҳтаринро ҷудо ва интихоб мекунанд. То ба ҷӯш омадани боҷ аз хона баромадани касе мумкин нест. Ин таомро фақат бонувон мепазанд ва мардонро иҷозат надоранд, ки ба дег наздик шаванд.

Ҳамчунин оши бурида аз таомҳои қадимии мардуми Бадахшон аст, ки истеъмоли онро бештар калонсолон дӯст медоранд. Аслан онро дар чаҳор фасли сол омода кардан мумкин аст, аммо бештар оши буридаро дар фасли баҳор ва тобистон истеъмол мекунанд, чунки дар ин вақт гиёҳҳои табии барои оши бурида зарурӣ бисёр мерӯянд. Ин хӯрок хусусияти шифобахшӣ дорад, ки ба ҷисму рӯҳи инсон қувваю неруи тоза мебахшад.

Бояд гуфт, ки дастархонороӣ ҷузъи муҳими фарҳанги мо буда, чунин озмунҳо барои тавсеаи фарҳанги дастархондорӣ, сарфакоронаву моҳирона оростани хони тоҷикӣ, ба ҳаёти мустақилона омода шудани духтарон мусоидат менамояд. Ҳамзамон истифодаи маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ барои нигаҳдошти саломатии мардум муфид мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд