Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад, иштирокчиёни конференсия доир ба марҳилаҳои омӯзиши пиряхҳо, бахусус анҷом додани экспедитсия ба Антарктида, натиҷаҳои илмии бадастомада, ҳамчунин дар амал татбиқ намудани донишҳои мавҷуда дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо маълумоти муфид пешниҳод намуда, аз саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баррасии масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.
Иброз гардид, ки боиси сарфарозӣ аст, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масоили обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ яке аз мамлакатҳои пешоҳанг шинохта шуда, дар ин замина якчанд чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида шуд.
Таъкид гардид, ки имсол бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад. Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об буда, ҳадаф аз он муттаҳидии давлатҳои ҷаҳон барои ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об ва иқлим аст.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об






