Байни БАТР ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Созишномаи грантӣ ба маблағи 2 миллион евро ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» созишномаи грантӣ ба маблағи 2 миллион евро ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маблағҳои грантӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ҳамчун дастгирии техникии лоиҳаи «Навсозии зеристгоҳи Суғд-500» ҷудо гардида, ба таҳкими инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
Лоиҳа барои баланд бардоштани устувории низоми энергетикии ҷумҳурӣ, мусоидат ба ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва тавсеаи пайвастагии минтақавии шабакаи энергетикии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






