Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Роғун вохӯрӣ доир гардид

Март 26, 2025 16:20

РОҒУН, 26.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони  шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи  Рашт бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Роғун  оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда  вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  хабар доданд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки муқовимат ба коррупсия  ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастҷамъона,  савияи баланди  маърифати  ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар фарди ҷомеа  вобастагӣ дорад. Ҳамзамон ҳамоҳанг сохтани  қонунгузории миллии мамлакат дар ҳамбастагию ҳамкории судманди ҷомеа бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии  коррупсия  мусоидат менамояд.

Мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо дар ноҳияҳои минтақа  фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани руҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандон мебошад.

Бо мақсади  пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, паст намудани шиддати коррупсия, аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда  ва татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тибқи нақша мунтазам  дар ноҳияҳои минтақаи Рашту Файзобод ва шаҳри Роғун бо кормандони сохторҳои гуногун вохӯриҳо баргузор мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Март 26, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид