Бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом навсозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом навсозӣ карда мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, бинои марказ аз се ошёна иборат буда, тибқи нақша соли 2026 ба истифода дода мешавад.
Бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ бо маблағгузории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бунёд шуда, дар он барои фаъолияти мутахассисон шароити мусоид муҳайё карда мешавад.
АКС: Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






