«Chengdu Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 апрели соли 2025 ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мунтазами ҳавоиро дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар оғоз менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳи ҳавоӣ байни Қошғари Чин ва Хуҷанди Тоҷикистон аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» дар доираи ҳамкории мутақобили судманди мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ мегардад. Ҳамзамон ин тадбир бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, рафту омади осони шаҳрвандони ҳарду давлати ҳамҷавор, рушди тиҷорат ва соҳаи сайёҳӣ андешида шудааст.
Парвозҳои мунтазам аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» дар як ҳафта як маротиба- рӯзҳои сешанбе амалӣ гардида, давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки 11 марти соли равон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо ва ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни ду давлат баррасӣ шуданд.
Ҳоло байни Душанбе ва Урумчӣ парвозҳои ҳавоӣ анҷом дода мешаванд.
Ифтитоҳ гардидани хатсайрҳои нав ба рушду тавсеаи соҳаи авиатсияи граждании мамлакат мусоидат менамояд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «дар давоми солҳои охир соҳаи авиатсияи граждании мамлакат мувофиқи талаби замон пеш рафта, ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат табдил ёфтааст».
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






