Дабири кулли ИДМ: «Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ба таҳкими муносибатҳои некуҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат менамояд»
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои ИДМ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро бо имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ самимона табрик гуфт. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.
Дар табрикоти худ Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори боварӣ намуд, ки татбиқи амалии муқаррароти Шартнома ба таҳкими муносибатҳои некуҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси эҳтироми тарафайн, эътимод ва баробарҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба андешаи Сергей Лебедев, баимзорасии Шартнома заминаи зарурии рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи бисёрҷанба буда, ба манфиатҳои аслии ду кишвар, инчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмуъ ҷавобгӯ мебошад.
Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Президентҳо дар фаъолияти гуногунҷанбаи давлатии худ ва ба халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон сулҳу шукуфоӣ ва комёбиҳои минбаъда орзу кард.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






