Дар Бадахшон 56 нафар ронандагон аз сабти мақомоти андоз гузаштаанд

Март 16, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми се рӯз воситаҳои нақлиётро мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷа муайян гардид, ки 56 нафар худро дар мақомоти андоз сабт намуда, баъди пардохти андоз соҳиби патент шудаанд. Аз инҳо 10 нафарашон ронандагони мошинҳои борбар  ва 46 нафар ронандагони мошинҳои  мусофирбар мебошанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфродӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони мутобиқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда» гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Ин гурӯҳ фаъолияти ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдудеро, ки ба мусофирбарӣ ва боркашонӣ машғул мебошанд, дар ҳамкорӣ бо нозирони Бозрасии давлатии автомобилии вилоят мавриди санҷиш  қарор дод.

Ба иттилои сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози вилоят Илҳом Мародҳусейнов,  ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки баъзе  ронандагон худро дар мақомоти андоз сабт накарда, бе патент ба мусофиру боркашонӣ машғул мебошанд. Инчунин баъзе ронандагон бо патенте, ки муҳлати истифодааш ба охир расидааст, ба хизматрасонӣ машғул шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 16, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд